Таъмиру тармими китоб дар Китобхонаи миллӣ

тамири-китобКитобҳо бо мурури замон аз он ки зиёд истифода мешаванд, кӯҳнаву фарсуда мегарданд. Зиёданд китобҳое, ки ҳар рӯз онҳоро даҳҳо нафар дархост мекунанд, варақ мезананд. Ҳолате пеш меояд, ки аз зиёд варақгардон кардан ин китобҳо ба ҳадде мерсанд, ки дигар истифодаи онҳо номумкин мегардад. Аммо инҳо китобҳои нодиранд, даҳсолаҳо пеш чоп шудаанд, вале арзиши илмиву бадеии худро аз даст надодаанд.

Пас чӣ бояд кард? Посух ҳам якест: Набояд ба иллати серталабӣ аз истифода хориҷ намуд. Бояд онҳоро таъмир кард ва ба толори хониш барои истифода баргардонд. Ба дигар маънӣ, ба ин гуна китобҳо умри дубора бояд бахшид.

Дар Китобхонаи миллӣ ин корро шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо анҷом медиҳад.

Раванди таъмиру тармим ин гуна сурат мегирад:

Вақте китоб ба таъмир ва муқовабандӣ ниёз пайдо  мекунад, мутахассисони шуъбаи таъмир ва тармим онро ҳамаҷиҳата аз назар мегузаронанд ва дараҷаи фарсудагии ҳуҷҷатро ба таъмир муайян менамоянд. Сипас китобро ба таъмир ва ё муқовабандӣ омода месозанд. Ҷараёни таъмири китоби фарсуда чунин сурат мегирад.

Аввало  китобро аз чангу ғубор ва муқоваи фарсудааш (агар зарурат бошад) пок намуда, маҳсулоти лозим ба таъмирро омода месозанд. Барои таъмири китоб ва ҳуҷҷатҳо пеш аз ҳама ба мутахассиси ин шуъба қайчи, каптал (шероза), бумвинил – қоғази махсус барои муқовабандӣ, қағазҳои махсуси ранга, дока ё карбоси тунук, ширеш, ҷадвал, қалам ва мӯқаламҳои андозаашон гуногун зарур аст.

Сароғоз муқоваи китобро омода месозем. Картонро ба андозаи китоб бурида, бумвинилро аз андозаи китоб калонтар мебурем. Докаи кӯҳнаи китоб низ иваз карда мешавад. Саҳифаҳои даридаву кандашудаи китобро бо ширеш часпонида, қисми асосии китобро ба муқова насб менамоем ва онро барои часпондани форзатс омода месозем.

Ду форзатси андозаашон якхела омода менамоем. Форзатсро ба китоб насб карда,  гирду атрофи онро пок мекунем. Китоби омодашударо муддати як шабонарӯз ба зери исканча (пресс) мегузорем. Инак, китоб барои истифодабарӣ омода шуд.

Ин аст ҷараёни муқовабандӣ намудани китоби фарсудашуда.

Шояд суол кунед, ки форзатс чӣ аст? Ин вожаи олмонии Vorsatz аст. Барге, ки саҳҳоф барои часпонидан ва устувору маҳкам кардани китоб ба ҷилд дар оғоз ва поёни он мегузорад.

ДУ АКС: КИТОБҲО ТО ВА БАЪДИ ТАРМИМ:

Китобҳо то ва баъди тармим
КИТОБҲО ТО ВА БАЪДИ ТАРМИМ
Китобҳо то ва баъди тармим
КИТОБҲО ТО ВА БАЪДИ ТАРМИМ

Маврид ба ёдоварист, ки дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таи чанд сол аст шуъбаи таъмир ва тармими китоб ва ҳуҷҷатҳо фаъолият менамояд. Сараввал он ҳамчун бахши таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо ва аз соли 2021 инҷониб чун шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо фаъолияти худро идома медиҳад.

Теъдоди кормандони шуъба 10 нафар буда, ҳама аз нозукиҳои ин кори басо заҳматталаб хуб огоҳанд. Китоб ва баъзе ҳуҷҷатҳои нодири таъмирталабе, ки дар китобхона мавҷуданд, маҳз бо кӯшиш ва заҳмати кормандони шуъба умри дубора меёбанд.

Нуриддин САЪДУЛЛОЕВ,
сардори шуъбаи таъмир
ва тармими  китоб ва ҳуҷҷатҳо