Тақвими моҳ: декабри соли 2019

1-уми декабр

60-солагии зодрӯзи Лилия Лучанская (1959-1997), олимаи соҳаи психологӣ.

110- олагии зодрӯзи Самуил Морочник (1909-1981), доктори илми фалсафа, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Нақши китоб дар ҳаёти мо

 Китоб дар ҳаёти инсон нақши басо муҳимро мебозад. Мегӯянд, ки “Вақте китобро мекушоӣ, ҷаҳонро мекушоӣ”. Воқеан ҳам китоб олами маъниро дар худ дорост ва баҳри инсон ногузир аст. Барои аксар одамон китоб бахше аз ҳаёти онҳост, мисли рафиқи беҳтарин, ҳамсафари ростин аст, ки ҳеҷ гоҳ таркат намекунад.

 Оре, китоб ҳамсафари мост. Вақте инсон бо як

Қатор дар маҳфили "Дастони моҳир"

 Оё бачаҳо медонад қатор чист ва оё касе аз онҳо бо қатор сафар кардаанд? Ин ду суол дар аввали маҳфили “Дастони моҳир” ба ширкаткунандагон ироа шуд, то мураббиён донанд, ки бачаҳо дар ин бора чӣ тасаввурот доранд. Маълум гардид, ки ҳама бо ин мафҳум ошноянд, қаторро дидаанд, дар бораи он маълумоти рушану норушон доранд. Пас 

Зариф Ғулом ба синни 75 расид

 Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Парвоз», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Ҷодугар», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Бӯсаи аввал», «Аспи хиёнат» аз чоп баромадаанд.

Зариф Ғулом 30 ноябри соли 1944 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Кангурт (ҳозира Темурмалик) – вилояти Хатлон таваллуд шуда, хурд аз падар ятим мондааст ва овони кӯдакию наврасияшро дар водии Вахш гузарондааст.

Мактаби миёнаи №33 ноҳияи Колхозободро (1961) хатм карда, солҳои зиёде машғули омӯзгорӣ будааст.

1-уми декабр Рузи ҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД

 Фоҷеаи ҷаҳонӣ. Мудҳиштар аз онро таърихи башар зиёд дида, вале ин маргест тадриҷӣ. Мубталоёни ВНМО роҳи дигаре ҷуз марг надоранд. Вале ба умеде, муъҷизае ҳаёт ба сар мебаранд. Ин афрод медонанд, ки муолиҷа намешаванд, вале ба ҳаёт, ба оянда бо дили гарм дида медӯзанд. Ҳеч касе дар олам ҳақ надорад касеро ба марг маҳкум кунад. Ва то ҳастем, онҳо низ канори моянд. Бигзор бо мо бошанд, ҳамеша ва то абад. Бигзор биханданд, аз лаҳзаҳои хуш лаззат баранд. Дар ғам ғамгин, дар шодӣ шод бошанд. Онҳо канори мо буданд ва хоҳанд буд. Онҳо як тане аз моянд...

Китобҳои тозавуруд: «Адабиёти бостон”

«Адабиёти бостон» нахустин китоби дарсии нисбатан мукаммал доир ба таърихи адабиёти пешазисломии мардуми эронитабор аст, ки аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик Шарифмурод Исрофилниё зери назари академикаи АИ Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ таълиф шудааст. Ин китоб аз рўйи беҳтарин ва мўътабартарин маъхазу сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотии ховаршиносони ватанию хориҷӣ фарҳам омадааст, то тавонад маводи дарсии донишҷўёни ихтисоси суханшиносиро таъмин кунад ва  ҳамчунин ниёзи алоқамандони адабиёти бостонро бароварда гардонад. 

Страницы