коркарди адабиёт

Муқаддас Тешаева: На ҳамаи нашриётҳо нусхаҳои ҳатмиро ба Китобхона месупоранд

Чунин аст хулосаи суҳбати кутоҳи мо бо Муқаддас Тешаева – Сардори Шуъбаи коркарди адабиёти Китобхонаи миллӣ. 

- Каме оид ба таърихи фаъолияти шуъбаи такмили адабиёт маълумот медодед. Яъне шуъбаи мазкур дар кадом самтҳо фаъолият мебарад?

- Шуъбаи такмили адабиёт таърихи беш аз 80-сола

Рўдакишиносии даврони Истиқлол

Бо ташаббуси  шуъбаҳои такмили адабиёт ва коркарди адабиёт мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Рўдакӣ  доир гардид.

Саидҷаъфар Саидов - муовини аввали Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани муқаддамотии худ зикр кард, ки 22-уми сентяр бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Рӯдакӣ эълон

Нақши китоб дар ташаккули фарҳангии маънавии ҷавонон

Субҳи имрӯз дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаҳои такмили адабиёт ва коркарди адабиёт мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи китоб 26 умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар мавзӯи “Нақши китоб дар ташаккули фарҳанги маънавии ҷавонон” доир гардид.

Гадобек Маҳмудов – ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони

Коркарди 10 ҳазору 624 нусха китоби нав зарфи панҷ моҳи охир

Кормандони шуъбаи коркарди адабиёт шурўъ аз моҳи январи соли равон  10 ҳазору 624 нусха китобҳо қабул ва ба танзим даровардаанд.
Аз ин миқдор 6 ҳазору 989 нусха ба шуъбаи нигоҳдории китоб  ва 2 ҳазору 369 нусха ба фонди ёрирасон ирсол шудааст.
Инчунин, ба шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо, шуъбаи махсус, матбуоти даврӣ, рисолаҳои илмӣ ва ғайра низ китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳои нав ирсол шуданд.

Зарфи як сол ба захираи умумии Китобхона бо 32693 нусха китоб илова шуд

Дар соли 2015 -ум 182486 нусха адабиёт ба маблағи  умумии  743804,31  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид  шуд, ки назар ба соли 2014-ум 142596   нусха  зиёд аст.
Дар ин бора дар ҳисоботи солонаи Шуъбаи такмили адабиёт  сухан меравад.
Ба захираи умумии Китобхона – 32693 нусха ба маблағи умумии  721353,82  сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2014-ум 6553  нусха камтар аст. Аз ҷумла,  китобҳо – 27784 нусха,