Китобхонаи миллӣ

ТАФРЕҲ. Жола Бадеъ: Парандаҳои муҳоҷир

Парандагони муҳоҷир дар ин ғуруби хамӯш,
Ки абри тира тан андохта ба қуллаи кӯҳ –
Шумо шитобзада роҳии куҷо ҳастед
Кашида пар ба уфуқ так-таку гурӯҳ-гурӯҳ?

Чӣ шуд, ки рӯй намудед бар диёри дигар?
Чӣ шуд, ки аз чамани ошно сафар кардед?
Магар чӣ дарду шиканҷе дар ошён дидед,
Ки азми дашту даманҳои дуртар кардед?

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт...

БОБУР МИРЗОИ ТЕМУРӢ дар даврони салатани кӯтоҳи хеш дар Самарқанд аз сӯи Шайбониён се бор дучори ташаннуҷи шадид гашт. Бори охир (соли 1501) ночор шуд, ки аз масири Фалғару Масчо фирор кунад ва дар ин ҳазимат дар деҳкадаи Оббурдони Масчо, дар канори чашма ин абётро аз Шайх Саъдӣ дар санге ҳакк кардааст, ки то имрӯз он навишта ёдгор мондааст:

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге навишт,

Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд, то чашм барҳам заданд.

Даричаи ошноӣ: ҲАБИБ САИД

Ҳабиб Саид зодаи Душанбест. Дар донишкадаи кишоварзӣ таҳсил кардааст. Ба сифати -кафшергар, челонгар, муҳандис, геолог, технолог, рӯзноманигор, шореҳи сиёсии радио  фаъолият намудааст. Муаллифи китобҳои: "Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо мешавад"(1992 с.), "Итальянец, тетя и Золушка"(2014 с.) – мебошад ва инчунин иштирокчии лоиҳаҳои зиёди адабии интернетӣ ба ҳисоб меравад. Ба забонҳои тоҷикию русӣ эҷод мекунад

Муҳаммад Ғойиб: Нақши матбуот кам нашудаст, таъсири нақши қалам кам гаштааст

Суҳбати ихтисосӣ бо  Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғойиб, ки мегӯяд имрӯз нақши матбуот кам нашудааст, балки теъдоди рӯзномаҳову расонаҳои электронӣ зиёд гардидааст. Агар нақши матбуот имрӯз коҳиш меёфт, он нашрияҳои давлативу ғайридавлатӣ, ки дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш гузошта мешаванд, дар ҳамон ҷо мемонданд, касе намехарид. Имрӯз фақат таъсироти нақши қалам, офаридани

Пирӯзии нур бар зулмот: Чархаи аввали "Рогун" ба кор даромад!

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Ёздаҳ фазилати “Роғун” аз дидгоҳи дипломати тоҷик

Ба вуҷуд омадани баҳре дар майдони 70 километр, саҳнаест барои варзишҳои шиноварӣ, заврақронӣ ва амсоли он, инчунин имкониятест барои тавсеаи моҳипарварӣ, ташкили санаторияву истироҳатгоҳҳои соҳилӣ дар ҳавои тоза, ки дар як тараф кӯҳҳои сарсабз истодаанду дар дигар тараф баҳре бо оби ширину мусаффо. Илова бар он, баландии садди (плотинаи) “Роғун” 335 метр буда, он дар навъи худ (дар миёни неругоҳҳои

Страницы