библиографияи миллӣ

Мусо Азозода, бародари профессор Худойназар Асозода аз олам даргузашт. Мусоҳибае аз чанд соли пеш

 Ростӣ аз шунидани хабари фавти нобаҳангоми Мусо Асозода, дӯст ва бародари донишманду арҷманд дилам хун шуд. Бо Мусо дӯст будем, ҳарчанд хеле дер-дер медидем. Баъди даргузашти устод Худойназар Асозода дар бораи устод ба ӯ ҳамсӯҳбат шудам. Онро дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп кардам. Баъдан он бо библиографияи устоди шодравон дар сомонаи Китобхонаи миллӣ ҳам ҷо дода шуд.

 

90 соли Қиматшо Иматшоев

Қиматшо Иматшоев агар зинда мбуд, имсол ба синни 90 даромада буд. Моро аз марги нобаҳангоми ин ҳунарманди нотакрор 48 сол ҷудо мекунад. Яъне, ҳуудан ним аср аст, ки бо мо нест. Вале дар м аҳфилҳои ҳунариву театрӣ ҳамеша аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Ҳунарманде буд, ки бо образҳои мондагораш дар ёду хотири биннад боқӣ мондааст.

 

Абубакр Зубайдов аз олам даргузашт

 Донишманди хуби Шашмақом ва сарояндаи мумтози таронаҳои классикӣ Абубакр Зубайдов бар асари бемории короновирус тарки олам кард. Абубакр Зубайдов 62 сол дошт ва яке аз донишмандони варзида дар илми Шашмақом ва Фалак маҳсуб мешуд. Таърихи мусиқии муосири тоҷик хеле кам касонро суроғ дорад, ки мисли Абўбакр Зубайдов дар санъати мусиқӣ назарияро бо амалия омезиш дода бошанд. Мавсуф на танҳо сарояндаи мумтози “Шашмақом” буд, балки аз пажӯҳишгарони шинохтаи санъати мусиқии классикии тоҷик низ маҳсуб меёфт. Вай дар илми 

75 соли Қиёмиддин Чақалов

    Қиёмиддин Чақалов  аз ҳунармандони варзидаи аҳли Файзобод аст. Бештар ҳаҷвнигорӣ мекунад. Нақшҳои мондагори ғайриҳаҷвӣ ҳам дорад, вале ӯро бештар чун ҳаҷвнигор мешиносанд. Ҳаҷваш ҳам баргирифта аз зиндагист ва худаш иқрор аст, ки ҳаҷваш ҷанбаи тарбиёвӣ дорад. Шеър ҳам менависад, сарояндагӣ ҳам мекунад, аммо дар басмҳои хусусӣ.

Чақалов Қиёмиддин 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи  Файзобод ба дунё омадааст. Актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон                           

Баҳодур Миралибеков: ҳунарманд, коргардон, омӯзгор

Дар спектаклҳои «Ғуруби аҷам», «Кабки қафас»,  «Сайхуни мафтуншуда», «Куруш ва Томирис», дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳои «Шабпаракҳои озод», «Бедонаҳо», «Соҳибаи меҳмон­хона», «Тахайюли бешагӣ», «Ишқи парӣ», «Шаби охирини Суқрот», «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Маро  танҳо магузор», «Ишқ ва шам­шер», дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ «Отелло», «Амир Исмоил», «Шоҳ Носири Хусрав» ба саҳна гузошт.

Миралибеков Баҳодур 21 апрели соли 1950 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғ­нони ВМКБ ба дунё омадааст.

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз! (Такмилшуда бо иловаи библиографӣ)

«Саъдӣ ҳикмати амалиро ба пойи «кабутари номабар»-и сабукболи тезпарвози шеъру адаби худ баста ва ва онро дар ҳама офоқи забони форсӣ ва маорифи исломӣ карон то карон ба парвоз даровардааст. Агар «Гулистон»-у «Бӯстон» набуд, олами ислом аз маҷмуъае латиф аз ахлоқу ҳикмати амалӣ маҳрум монда буд».

Саъдӣ тахаллусаш аст ва ӯ Муслиҳуддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ писари Мушаррафуддин 

Страницы