библиографияи миллӣ

Рӯ ба илм. Ёҳу парандае бо чанд ном

Ёҳу, ёғу, кокоӣ, мурғи моҳихўрак, мурғи  наврўзӣ (Laris), як ҷинси паранда. Мансуби оилаи  ёҳушаклон. Ёҳу  парандаи  сенантропӣ аст, яъне бештар дар наздикии манзили одамон зиндагӣ мекунад. Ҷуссааш миёна (андозаи  умумиашон: 25- 81 см, вазнашон 100 г -2 кг), рангаш бештар сафед ё бўртоб.

Баъзе намудҳои он дар сар ё бол нақши  сиёҳ, доранд. Нўлаш  зард  ё  сурхи ҷангалшакл, пойҳояш  сиёҳ,  сурх  ё зарди  пардадор. Ёҳу парандаи мавсимӣ

Дар бораи забони авестоӣ чӣ медонем?

Забони авестоӣ, авастоӣ, яке аз забонҳои эронии қадим, ки мутааллиқ ба гурўҳи забонҳои шарқии эронӣ аст. Дар Аврупо муҳаққиқон ин забонро забони  Занд  ё зандӣ мегуфтанд (тарҷумаву тафсири Авесто ба забони паҳлавӣ - форси миёна бо номи Занд- Авесто маълум буд), азбаски пайдоиш ва интишори  зардуштия ба Балх вобаста аст, забони авестоӣ бо номи забони бохтарии бостон низ ёд мешавад. Оид ба мансубияташ ба гурўҳи ғарбии забонҳои эронӣ низ  баъзе забоншиносон, авестошиносон баҳс оростаанд, вале тарафдорони шарқӣ будани забони авастоӣ ва далелҳо дар ин бобат бештаранд: ҷуғрофиёе, ки дар Авасто акс ёфтааст, ҳамосаҳои дар Авасто овардашуда аз рўи мазмуну мундариҷа ба Шарқ тааллуқ доранд;

​Дониш. Чиро ЖАНР меноманд?

Жанр, жанри бадеӣ (франс, genre  инс, навъ), гурўҳбандӣ ва таснифи дохилии  ҳамаи  намудҳои адабиёт ва санъат аст, ки таърихан сурат гирифтааст. Мафҳуми Жанр  чун  истилоҳи  адабиётшиносӣ  дар Фаронса (асри19) ба  вуҷуд  омода  бошад  ҳам, ҳудуди он ҳанўз ба таври қатъӣ муаян нашудааст. Баъзе адабиётшиносон эпос, лирика ва  драмаро, ки ҷинси адабӣ ҳастанд, жанр

Рӯ ба илм. Забти ситора чист?

Забти ситора, забти як ситора бо ситораи дигар, ки бо таъсири ситораи севвум ба амал меояд. Тақрибан беш аз 50 дарсади ситораҳоро дар осмони ситоразор ситораҳои дугоник ташкил медиҳанд. Онҳо низоми ягонаи динамикӣ дошта, зери таъсири қувваи ҷозибаи ҳамдигар дар атрофи маркази умумии масса чарх мезананд.

Чунин низомро танҳо ҳолати таъсири ҷозибаи байниҳамдигарӣ ва таҳаввули физики ҳамсафари он

Шоҳаншоҳи Сармаддеҳ – нависандаи маъруф Баҳманёр дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт

Нависандаи маъруф Баҳманёр Арабзода Аминӣ дар синни 66-солагӣ тарки олам кард. Баҳманёр аз зумраи маъруфтарин адибони муосир буд, ки дар навиштани ҳикоя дасти расо дошт. Рустои тахаюлӣ бо номи Сармаддеҳ офарид ва як силсила ҳикоёти ҷолиберо аз ҳаёти мардуми он навишт, ки ба зеҳни хонандаи имрӯз хуб нишаст. Шояд аксари кулли ҳикоёташ бастаи ҳамин Сармаддеҳи хаёлист. Рафтани Баҳманёр талафоти бузургест дар адабиёти форсизабонон. Ёду номаш ба хайр!

Ёқути Ҳамавӣ кӣ буд? Асири юнонии мусалмонон, ки шахсияти маъруфи олами Ислом шуд

Ёқути Ҳамавӣ Шиҳобуддин Абиабдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ар-Румӣ, ал-Ҳамавӣ (тақр. 1179, Осиёи Хурд – 1229, Ҳалаб), олим, сайёҳ, муаррих ва ҷуғрофиёдони маъруфи асримиёнагӣ. Дар хонадони юнонӣ таваллуд шуда, дар хурдсолиаш ба дасти мусулмонон асир афтод. Ўро дар бозори ғуломфурўшии Бағдод тоҷире бо номи Аскар ибни Абунаср Иброҳими Ҳамавӣ аз шаҳри Ҳамоҳ харидорӣ намуд. Бо ин сабаб нисаби соҳибаш аз Ҳамавӣ ба Ёқутӣ гузашт.

Азбаски Ёқути Ҳамавӣ падарашро намедонист, аз рўйи анъана ўро «Ибни Абдуллоҳ» мегуфтанд. Чун хоҷаи Ёқути Ҳамавӣ чандон саводи хуб надошт, ўро дар мактаб гузошт, то дар корҳои ҳисобу китоби тиҷораташ ба ў ёрӣ  расонад. Ёқути Ҳамавӣ аз давраи ҷавонӣ бо супориши 

Страницы