Search results for "node/искандарова учебник"

Results 1 - 10 of 13 Page 1 of 2
Sorted by: Relevance | Sort by: Date Results per-page: 10 | All

Мутолиа: равишҳо ва аҳаммияти он (натиҷаи таҳқиқ)

Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва гиромидошти корномаҳои наҷибонаю мондагори ў дар рушду нумуи илму фарҳанги миллати тоҷик, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Қабл аз ҳама, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, таҳти №105 дар зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров Осорхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Соли 2019 дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши мондагори китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат чунин ибрози андеша намуданд: “Арзиши илмии ин асари бунёдӣ (“Тоҷикон” – Ҳ. А.) бениҳоят…
Read more » Мутолиа: равишҳо ва аҳаммияти он (натиҷаи таҳқиқ)

Китоб ва китобхонӣ дар суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо ҷавонон

Як бахши муҳими суханронии Пешвои миллат дар мулоқоташон бо ҷавонон, ки чанд лаҳза пештар ба анҷом расид, дар бораи китобу китобхонӣ ва саҳми ҷавонон дар рушди илму маърифат буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла гуфтанд:  Вобаста ба ин, се соли охир ба мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст. Дар…
Read more » Китоб ва китобхонӣ дар суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо ҷавонон

Дар бораи профессор Раҳим Халилович Додхудоев чӣ медонем?

Агар устод Раҳим Додхудоев зинда мебуд, имсол аз баҳори наваду севуми умраш гул мечид. Қалби пур аз меҳри олими шинохта 26 сол қабл дар шаҳри Маскав аз задан бозмонд. Раҳим Халилович Додхудоев аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони тоҷик аст, ки дар омӯзиши забонҳои помирӣ, таърихи забони тоҷикӣ, Авасто   фонетикаи таърихии забонҳои помирӣ хизматҳои шоён кардааст. Бо чанд ҷумла аз ӯ ёд мекунем.           Доктори илми филологӣ, профессор Раҳим Додихудоев 15- уми июни соли 1928 дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнони ВМКБ чашм ба олам кушодааст. Солҳои 1946-1950 дар Институти харбии забонҳои хориҷии Вазорати мудофиаи СССР–ро хонда, дар системаи истихборотии низомии шўравӣ кор…
Read more » Дар бораи профессор Раҳим Халилович Додхудоев чӣ медонем?

Маҳфили нав дар Соли нав: “Ҳаёти солим” 

Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи соли 2022 як маҳфили нав бо номи “Ҳаёти солим”-ро роҳандозӣ кард, ки якҷо бо Вазорати тандудурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони “Баҳористон” амалӣ мешавад.  Ин маҳфил моҳе як маротиба баргузор мешавад ва ҳадаф тарғиби тарҳи ҳаёти солим аст. Масъулини шуъба мегӯянд, хостем хонандагон илова ба он ки китоб мехонанд, боз бо ширкат дар ин гуна маҳфилҳо донишҳои амаливу назариявии худро ҳам дар мавриди бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ғанӣ созанд. Ин маҳфилҳо назариявӣ ва амалӣ доир мешаванд ва бачаҳо ҳамзамон…
Read more » Маҳфили нав дар Соли нав: “Ҳаёти солим” 

Китоби нав. Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ

Дар ин китоб, тавре аз номаш пайдост, мукотибаи ду шаҳсутуни адабиёти навини тоҷик, устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ бори аввал комилу мукаммал гирдоварӣ шудааст. Китоб бо талоши узви пайвастаи АМИТ Хуршеда Отахонова омода шуда ва ба муносибати 90-солагии олими шинохта чоп шудааст. Дар сарсухани Хуршеда Отахонова аз ҷумла омада: Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст, бори аввал ба тариқи мунтахаб соли 1978 ба муносибати ҷашни 100 - солагии устод Айнӣ ба табъ расида буд. Он вақт мо имконият надоштем, ки ҳамаи мактубҳои ин…
Read more » Китоби нав. Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ

Тақвими моҳ. Августи соли 2023

Якуми август 100-солагии зодрўзи Раҷаб Амонов (1923-2002), доктори илми филологӣ, профессор, академики АМИТ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино. 55-солагии зодрўзи Зайнулобиддин Восихов (1968), кинооператор. 75-солагии зодрўзи Абдулҳомид Қодиров (1948-1998), рассом. 90-солагии зодрўзи Нўъмон Қосимов (1933-2009), муаррих. 65-солагии зодрўзи Файзалӣ Қурбонов (1958), олими соҳаи техника. 80-солагии зодрўзи Шарифҷон Орифов (1943), мутриб, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон. 80-солагии зодрўзи Маҳмадқул Раҳимов (1943-2006), арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон. 55-солагии зодрўзи Маҳмадалӣ Талабов (1968), доктори илми тиб, профессор. 80-солагии зодрўзи Шарифҷон Турдиматов (1943), олими соҳаи иқтисод. 90-солагии таъссиси (1933) китобхонаи марказии ш. Душанбе (аз соли 1958 ба номи А. Лоҳутӣ). Дуюми август…
Read more » Тақвими моҳ. Августи соли 2023

Кормандони Китобхонаи миллӣ Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона шуниданд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ чун дар ҳазорон муассисаву корхонаҳои кишвар кормандон дастаҷамъӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро шуниданд. Як бахши муҳими ин паём бевосита ба китобу китобхонаҳо дахл дошт. Пешвои муаззами миллат дар канори баррасии кулли масоили мубрами рӯз чун ҳамеша ба рушди илму маърифат, китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хос а зоҳир карданд. Аз ҷумла, эълони Озмуни нав бо номи “Илм фурӯғи маърифат” ташаббуси нави созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Пешвои миллат фармуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву…
Read more » Кормандони Китобхонаи миллӣ Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона шуниданд

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

    Ҳамватанони азиз! Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки имрӯзҳо 25-солагии он дар кишвари маҳбубамон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо – мардуми азизи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик мегӯям. Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби…
Read more » Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

Се муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Рӯзи дониш

Ҷавонон ва донишҷӯёну хонандагони азиз! Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо – ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам. Шумо ҷавонону наврасон, дар навбати аввал, хонанда ва донишҷӯ, яъне ҷӯяндаи дониш ҳастед, ки вазифаи аввалиндараҷаатон хондан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мебошад. Ҷавоне, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад, хору зор намешавад, дар ҳар ҷое, ки бошад, ҷойи кор меёбад ва зиндагии бобаракат…
Read more » Се муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Рӯзи дониш

Аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” то узвияти иҷборӣ дар Китобхона

Мусоҳиба бо директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода бо хабарнигори asiaplus Ду рӯз пештар, 30-юми октябр, даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ оғоз гардид. Чанд рӯз пештар аз ин, мо бо Ҷумъахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ доир ба даври ниҳоии озмуни мазкур, ҳолати китобу китобхонию китобдорӣ дар кишвар, бад ё хуб будани китобхонӣ барои мукофот, норасоии кадрӣ дар ин соҳа, нақши Китобхонаи миллӣ дар рушди ҷомеа суҳбат кардем. БАРОИ МУКОФОТ КИТОБ ХОНДАН БАДИЕ НАДОРАД! - Биёед суҳбатро аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шурӯъ кунем. Барои гузаронидани он Китобхонаи миллӣ чӣ мушкил ё…
Read more » Аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” то узвияти иҷборӣ дар Китобхона