Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар: китобҳо, нотаҳо, филмҳо, маводди савтӣ

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳангШуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар ошёнаи аввали бинои Китобхонаи миллӣ ҷойгир шудааст. Тавре аз номаш пайдост, дар ин шуъба адабиётеро метавон мутолиа кард, ки доир ба ҳунар бошад, аз фарҳанг ҳикоят кунад. Китобҳои зиёде дар шуъба аз фаъолиятҳои ҳунарӣ дида мешаванд, навиштаҳое дар бораи ҳунармандон, машшоқон, пажӯҳишгарони фарҳанги  мардумро метавон пайдо кард.

Ин шуъба нотаҳо дорад, ки аксари муштариёни онҳо сарояндагону бастакоронанд. Меоянд ва нотаҳоро варқ мезананд, барои худ дониши мусиқӣ мегиранд ва ё барои асарҳои ояндаи хеш идеяҳои тоза дарёфт мекунанд.

Ин нотаҳо манбаъҳои илҳоманд. Мисли як субҳи баҳоранд барои сарояндагон, ки пайғоми хуши сабза доранд, бӯйи илҳом меоранд. Мо шоҳидем, ки онҳо баъзан соатҳо сар аз мутлиаи онҳо барнамедоранд.

Шуъба дорои захираи зиёда 63000 ҷузъи чопии нотаҳо мебошад, ки асарҳои вокалии ҳамаи жанрҳо, ансамблҳо, романсҳо, арияҳо, асарҳои мусиқӣ ба саҳнаҳои театрӣ, кинофилмҳоро дар бар мегирад.

Захираи нотавии шӯъба ғайр аз адабиёти тоҷикӣ, инчунин дар худ теъдоди зиёди мусиқии ба забонҳои русӣ, укроинӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ ва дигар халқҳои собиқи СССР сабтшударо дорад, ки ин гувоҳи алоқаҳои мустаҳками фарҳангии Тоҷикистон бо ин давлатҳост.
Дар маҷмӯаи нашрияҳои мусиқии шӯъба ҷои асосиро асарҳои бастакорони хориҷӣ, монанди Мотсарт, И. Бах, Дебюсси ва ғайраҳо мегиранд.

Як бахши маводи ин шуъба савтист. Марҳамат, шумо метавонед дар компутерҳои шуъба садои хуши ҳофизони писандидаи худро бишнавед, фароғат кунед. Ва дар ин шуъба даҳҳо савту навои дилкашу марғуб вуҷуд дорад.

Бахше филмҳо низ дорад. Беҳтарин шаҳкорҳои “Тоҷикфилм” гирдоварӣ шудаанд. Хонандаи ин шуъба интихоби васеъ дорад. Мехоҳад мусиқӣ мешунавад ва мехоҳад филм мебинад ва ё китоб мутолиа мекунад.

Филмҳо гуногунанд. Бахусус филмҳое, ки ганҷинаи бебаҳои “Тоҷикфилм” дониста мешаванд, ҳамагӣ гирд оварда шудаанд.

Толори хониши ин шуъба ҳамеша хонанда дорад, ҳатто рӯзҳои шанбеву якшанбе низ.

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг

Аммо ҷолибтарин лаҳза барои кормандони ин шуъба он аст, ки як хориҷӣ, як намояндаи миллати дигар меояд ва аз онҳо дархост мекунад, ки мехоҳад бо нотаҳои тоҷикӣ ошно бишавад. Ё мехоҳад дар бораи санъати тасвирии тоҷикӣ аз қадим то ба имрӯз мутолиа дошта бошад.

Кормандони шуъба ҳама кори худро гӯё як сӯ мегузоранд ва дархости ӯро иҷро мекунанд. Зеро хориҷиён мубаллиғони хуби фарҳангу тамаддуни моянд ва бояд мо ҳам инро дарк намоем ва сари вақт кумакашон кунем, то бештар омӯзанд.

Ба ин шуъба аксари бастакорону ҳунармандон иртибот доранд ва онҳо аввалин нусхаи китоби худро ба толори хониши ҳамин шуъба, бо навиштани соядастҳо тақдим мекунанд.

Саодат НАБИЕВА