Таътили тобистонаи ман...

Бале, Таътили тобистонаи ман ном гирифт озмуни расмҳои бачаҳои фаъоли толори мо. Чаро?
Тобистон аст ва таътил дар тобистон барои атфол як фароғатест, ки метавонанд ҳам китобҳои шавқовар хонанд ва ҳам саргарми расмкашӣ ё сохтани ашёе бошанд. Ин гуна шароит дар толори кӯдакони Китобхонаи миллӣ фароҳам аст.
Озмун нишон дод, ки аксари атфол маҳорати хоси расмкашӣ доштаанд. Ва яқинан, ин хидмати дабиристони онҳост, ки дарси расмкаширо дуруст ба роҳ мондаанд.
Мавзуъи мо он буд, ки ҳар касе тобистон ва таътилро чӣ гуна мехоҳад бубинад ё тасаввур кунад, пас онро рӯйи коғаз оварад. Ва расмҳои хеле ҷолибу диданӣ кашида шуданд. Бачаҳо асосан манзараҳои табиат, гулҳо, кўҳҳо, дарахтон, ҳар гуна ҳайвонҳо ва ҷонварон, тифлони саргами сайругашт, кўдаконе, ки дар нази кўлҳо оббозӣ мекунандро ба тасвир кашидаанд.
Аксари ин расмҳоро мо чун расми беҳтарин дар гӯшаи намоишгоҳи толор нигоҳ медорем.
Дар айни замон бо ҳамкории телевизиони кўдакон ва наврасон «Баҳористон», низ озмуна расмҳо бо номи «Таътили тобистонаи ман» мегузарад. Аз хонандагони толор мо ҳудудан 70 расмро ба ин озмун пешниҳод кардем.
Ин расмҳоро муддати як ҳафта дар “Баҳористон” намоиш медиҳанд ва ғолибонро туҳфаҳои хотиравиву тамошои ройгони Боғи ҳайвоноти Душанбе, тамошои филмҳои тасвирӣ дар кинотеатрҳои пойтахт, боғҳои фарҳангӣ ва дигар марказҳои дилхушӣ барои кўдакон интизор аст.