Равзана

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ...

 Аз дирӯз ба инҷониб шабакаҳо саршор аз тарикоти шогирдону мухлисони шоираи тавоно ва яке аз маъруфтарин қаламкашони замон Фарзона аст. Шоира Фарзона, ки дигар ба муаррифӣ ҳеч ниёзе надорад, дирӯз зодрӯз дошт. Аз миёни табрикоти зиёд аз навиштаи шоири баном Абдуҷаббори Суруш меорем ва ба ин муборакбодӣ шарик мешавем.

Муаллимаи бисёр азизи ман - Устод Фарзона бароям ҳаққи азими Устодӣ ва Хоҳарӣ доранд. Ҳамчу шогирд аз мактаби шеъри нобу беназирашон дарси шеър гуфтан гирифтаам ва ҳамчу бародар аз меҳрубонии

Розиам худ бинам умри кӯтаҳе..

 Аз таваллуди шоири маъруф Махсум Олимӣ 63 сол гузашт ва рӯзи 24-уми октябр ба марги фоҷеабораш 27 сол пур мешавад. Яъне 27 сол аст, ки мо аз ӯ шеъри нав намехонем. Махсум Олимӣ аз зумраи шоирони навнависи кишвар буд, ки ҳар шеъраш аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ ба хушӣ истиқбол мешуд. Вале дардову дареғо, ки бар асари як фоҷеа бармаҳал аз миёни мо рахти сафар барбаст. Қотилонаш то кунун маълум нестанд. Махсум ҳам аз ҷумлаи ҳамон ҳазорон шаҳиди ҷанги дохилист, ки на иллати куштораш маълум шуд ва на қотилонаш пайдо. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!

Баҳор овардан осон нест

 Ин номи дуюмин китоби шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур аст. Аввалин китоби ӯ бо номи “Ҳамболи турнаҳо” соли 2016 чоп шуда буд. Дар ин як навиштаи кутоҳ шеърашро таҳлил намекунем, бори ин масъулиятро ба дӯши мунаққидон мегузорем. Вале чанд ҷумла аз адабиётшиноси маъруф Анзурат Маликзода меорем, ки дар сарсухани басо кутоҳ, вале пурмуҳтаво ашъори ин маҷмӯаро таҳлил кардааст.

 Ӯ менависад: “Бузургмеҳри Баҳодур шоири маъниҷўй ва пажўҳишгари навроҳ аст. Шеърашро ҷустуҷўҳои илмӣ ва

Шуъбаи кўдакон ва наврасон

 Ин шуъба дар сомонаи мо 78 хабару мақолаву гузориш дорад. Он пештар дар таркиби Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ буд, аз замони мустақил шуданаш матолибаш зери номи худи он ҷамъ мешуд ва сабаби камтар будани теъдоди мақолоташ низ ҳамин аст. Аслан аз шуъбаҳои фаъолтарини Китобхонаи миллӣ дар сомонаи он ба шумор меравад.

 Матолиби пурхонандаи он зиёданд.

Шуъбаи библиографияи миллӣ

 Ин шуъба дар сомонаи мо бештар аз 380 маводи хуби хонданӣ дорад. Самти фаъолияти он дар сомона низ мушаххас аст: омода намудани маводҳо бахшида ба зодрӯзи шахсиятҳои адабиву фарҳангӣ ва илмӣ, ҳамсунин санаҳои таърихии кишвар. Ва на танҳо маводи тарҷумаҳолӣ, балки як нишондоди ҷолибе, ки ба ҳар хонанда зарур аст. Поёни матлаб дар бораи шоир, нависанда, олим таваҷҷқҳи хонандаро ҳатман ба маълумоти библиографӣ ҷалб мекунанд. Яъне, хонандаро раҳнамоӣ мекунанд, ки

Зафар Сайидзода

  Аз Зафар Сайидзода то кунун бештар аз бист матлаб дар сомонаи мо интишор ёфтааст. 13 китоби ӯро дар шакли электронӣ ба мутолиаи хонандагони худ пешкаш кардаем. Дар ин муддат китобҳои Зафар Сайидзода ва матолдиби чопшуда дар бораи осори ӯро дар сомнаи Китобхонаи миллӣ 29 ҳазору 301 нафар мутолиа кардаанд.