Чорабинихои фарҳангӣ

Зарфи чор моҳи ахир беш аз 30 ҳазор нафар вориди Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ шудаанд

Дар 4-моҳи соли 2020 аз Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар 30 - ҳазор хонанда истифода бурдааст. Мутахассисони шуъба мегӯянд шаҳрвандоне, ки ба шабакаи ҷаҳонии интренет дастрасӣ доранд, баъд аз сабти ном  дар сомона имкони дастрасӣ ба  беш 321 ҳазор  китобро пайдо мекунанд. Кормандони 

Ифтихорномаву унвонҳо дар остонаи Соли нави милодӣ

  Дар остонаи Соли нави милодӣ як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ барои ширкати фаъолонаашон дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” соҳиби Ифтихорномаҳо шуданд. Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҳудудан 100 нафар кормандонро шоистаи ифтихорномаҳо донист. Инҳо касоне буданд, ки рӯзҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи судҳи доноӣ...” хеле фаъол буданд. Ба

Боздиди ҳайати ҷавонони Ҳинд аз Китобхонаи миллӣ

  Як ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Китобхонаи миллии  Тоҷикистон ташриф оварданд. Онҳо, ки аз даҳ нафар иборат буданд, аввал аз осорхонаи китоб, ки онҷо дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, дидан намуданд. Баъдан, меҳмонон толори китобҳои тозанашри даврони истиқлолро тамошо карданд. Дар ин толор зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.

Боздиди ҳайати парлумони Ҷумҳурии Индонезия аз Китобхонаи миллӣ

   Як ҳайат аз парлумони Ҷумҳурии Индонезия бо роҳбарии муовини Раиси Палатаи намояндагон Фахрӣ Ҳамза аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Меҳмононро дар назди даромадгоҳ роҳбарияти Китобхонаи миллӣ пешвоз гирифтанд.

   Меҳмонон сараввал мусаввараи таърихиро, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, тамошо карданд. Ин мусаввара маҳсули дасти наққоши 

Оғози Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

  Аз субҳ дар Китобхонаи миллӣ ба истиқболи Ҳафтаи китоб “Рӯзи дарҳои боз” оғоз шуд, ки қарор аст муддати ду рӯз идома кунад.  Дарҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале имрӯз рӯзи хоса буд, рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ буд, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоштанд. Рӯзи дарҳои боз бештар барои онҳост.

Дарав дар боғи Китобхонаи миллӣ

 Дирўз шурўъ аз субҳи барвақт як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ даст ба корҳои тозагиву ободонӣ ба боғи Китобхона заданд. Алафҳои боғ расидаву мавсими даравашон низ расида бу ва мебоист онро дарав мекарданд. Ин поккориро метавон як рӯзи дарави умумӣ дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ номид.

 Боронҳои пай дар пайи фасли баҳор, ки аз миёнаҳои моҳи апрел шуруъ ба боридан карданд, имкон надоданд, ки алафи боғ сари вақт дарав шавад. Ва ин борон сабабгори

Страницы