Адабиёти ҷаҳон

Оташаки гумроҳ

Китобест аз нависандаи суннатгарову анъанапарасти Ҷопон, тарафдори урфу одатҳои миллӣ Тэтсуо Миура. Адиби маъруф масъалаҳои муҳими рўз, ки тамоми аҳли Ҷопони даҳсолаи охири асри гузаштаро ба ташвиш оварда буданд, ба миён мегузорад. Оқибатҳои талхи ҷанги дуюми ҷаҳон, аз байн рафтан ё паст шудани деҳоти патриархалӣ, танҳоии одам дар олами сармоя ва ғайра мавзуъҳои асосии новеллаҳои ў ба шумор мераванд.

Эҷоди нависандаи закӣ ва хушзавқи ҷопонӣ воқеӣ буда, мағз андар мағзи он омехтаи фикру андешаҳои инсондўстию одампарастӣ мебошад. Хусусияти нотакрор ё фарқкунандаи