матбуоти даврӣ

Тақдими панҷ китоби тозанашри Вазорати маориф ва илм ба Китобхонаи миллӣ

   Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон панҷ китоби тозанашру арзишманд: «Риёз-уш- шуаро»-и Муҳаммадалӣ Волаи Доғистонӣ, (ҷилдҳои 1,2,3), «Маҷолис–ун нафоис»-и Алишери Навоӣ, «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Туҳфаи сомӣ»-и Соммирзои Сафавиро бо теъдоди 70 нусха тақдим намуд. Китобҳои мазкур бо сарсухани Вазири маориф ва илм, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  

 

Бастаҳои нави рӯзномаҳо аз журналистони маъруфи кишвар

Журналистони шинохта Сайёфи Мизроб ва Холиқназар Ҷумъаев бастаҳои нашрияҳои хондании кишварро аз бойгонии худ ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд. Ба шарофати ҳиммати Сайёфи Мизроб-соҳибнашрияи “СССР” ва Холиқназар Ҷумъаев бойгонии Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ бо шумораҳои солҳои 2016-2017 нашршудаи “СССР” ва 22 бастаи рӯзномаҳои “Фараж”, “Ману ту” ва “Озодагон”, ки солҳои 2009-2012 интишор ёфтаанд, ғанӣ гардид.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, беназиртарин Китобхона дар Осиёӣ Марказӣ ва яке аз ганҷинаҳои илму фарҳангӣ ҷумҳурӣ маҳсуб

Китобхонаи миллӣ ва фарҳангу таърихи миллат

(Суҳбат бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов)

- Китоб чист ва нақши ин сарвати беназири фарҳангию иттилооттӣ  дар ҳаёти маънавии мардум, бавижа наврасону ҷавонон чӣ гуна аст?

- Китобу китобхона шиносномаи донишу андеша ва тамаддуни миллатҳо буда, таърихи он ба

Назари коршиносон аз баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе»

Имрӯзҳо Душанбешаҳр, пойтахти Тоҷикистон мизбони баргузории  чорабинии муҳими фарҳангӣ-Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе»  мебошад, ки аз 18 шӯруъ шуда ва то 20 октябри соли 2018 дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар»  идома меёбад.

Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ

Ҳифз ва шинохти марҳалаҳои забони миллӣ ва баланд бардоштани асолати он меҳвари асосии китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони пуртаззоди муосир аст. Дар ҳамин маврид муаллиф дар пешгуфтори китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» менависад: «Забони мо гузашта аз мушкилоти ба истилоҳ «дохилӣ» мустақиман ба ду забони муқтадири ҷаҳон­-русӣ ва англисӣ рў ба рў шуда, чунонки мебинем, дар ин «пайкор» асосан дар ҳолати дифоъ қарор дорад. Агар дар чунин вазъ забон дастгирӣ ва пуштибонии оқилона пайдо накунад, маҳол аст, ки аз ин варта солим бадар омада, асолати таърихии хешро ҳамчун забони мустақилу корагар ҳифз кунад. Албатта ин чунин маъно надорад, ки мо бояд дарвозаҳоро ба рўйи забонҳои дигар бандем».

Шуъбаи матбуоти даврӣ: бештар аз 1 миллион рӯзномаю маҷаллаҳои қадиму имрӯз

Бойгонии Шуъбаи матбуоти даврӣ дорои 1 миллиону 216 ҳазору 188 адад маҷаллаю рузномаҳои илмӣ-оммавӣ буда, ҳамарӯза ба даҳҳо нафар хизмат мерасонад. Хонандагон ҳамчунин имкон доранд бо 110 шумораи нусхаҳои электронии нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки бо ҳуруфи форсӣ бори аввал 11-уми марти соли 1912 нашр шудааст ва замимаи он “Тӯрон” ошно шаванд ва мутолиа намоянд. Гузинаи электрониинашрияҳои қадимиву имрӯз: “Роҳбари дониш”, “Шарқи сурх”, “Мактаби

Страницы