маркетинг ва менеҷмент

Дар як сол шумори хонандагони Китобхонаи миллӣ ҳудудан 25 ҳазор нафар афзудааст

Дар муддати як соли сипаришуда шумори хонандагони Китобхонаи миллӣ  24 ҳазору 865 нафар афзудааст. Аксари хонандагони нав аъзошуда донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи пойтахти кишвар ва навоҳии атрофи онанд. Бино ба омори дастрасшуда 1351 нафари онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии

Китоби дарсӣ. Ҳакимбек Сандалов. Амалиётҳои бонкӣ

​Ин китоби тозанашр чуноне аз номаш пайдост, ба фаъолиятҳои бонкӣ бахшида шудааст ва дар он масоили асосҳои ҳуқуқии гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ва аҳамияти иқтисодии онҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, амалиётҳои пассивӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, амалиёт бо пулҳои нақд, амалиётҳои қарзӣ, амалиёти хазинавӣ, амалиёти миёнаравӣ, амалиёти  асъорӣ, амалиёт бо қоғазҳои қиматнок, гузаронидани амалиёт бо принсипи низоми бонкдории исломӣ, шаклҳои маҳсулоти муосири бонкӣ , сохтор ва бартарии активҳои бонк ва ҳисоботи бонкӣ арзёбӣ гардидаанд.

Дар шароити имрӯза рушди устувори иқтисодиёт бевосита

Маҷмӯаи корҳои хаттӣ: Диктант, нақли хаттӣ ва иншо

​Китоби мазкур соли равон бо талоши донишманди тоҷик Суҳайлӣ Расулов чоп шудааст ва  гуфта мешавад, ки он як дастури таълимӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар сарсухан китоб муаллиф навиштааст, ки корҳои хаттӣ воситаи муҳим ва арзишманди саводомӯзӣ, такмили истеъдод, балоғати калом, тақвияти андеша ва ҳофиза, муназзамии лафзу маънӣ, равонии нутқ ва умуман инкишофи малакаву маҳорати толибилмон маҳсуб меёбад.

Дар ҷаҳони муосири таҳсилот дар назар бояд дошт, ки таъмини иттилооту ахбороти фаврӣ тавассути воситаҳои техникӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин малакаву

Ганҷҳои озмун. Муродҷон Бойсаризода. Даҳсола аз шаҳри Исфара

Муродҷон Бойсаризодаи 10-сола ширкаткунандаи озмун дар номинатсияи  адибони ҷаҳон буд. Аз вилояти Суғд аст. 10 сол дорад ва дар мактаби №10 шаҳри Исфара таҳсил мекунад.

Муродҷон Бойсаризода аз ашъори шоирону нависандагони тоҷик, рус, қирғиз, фаронсавӣ, англис ва олмонӣ зиёд хондааст, шеърҳо азёд кардааст. Вай мегӯяд бештар аз ду ҳазор мисраъ

Муаррифии китоб. “Сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ дар шароити мураккаби кӯҳи-геологӣ”

Ин китоб як дастурамал таълимӣ оид ба  иҷрои кори курсӣ ва хатми бакалаврӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ихтисосҳои «Сохтмонҳои зеризаминӣ ва шахтаҳо» ва «Сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои обию барқӣ»буда, аз ҷониби Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ чанде пештар рӯи чоп омадааст. Дар муқаддима мехонем:

Солҳои охир дар мамлакати мо ва хориҷи кишвар бунёди иншоотҳои зеризаминии саноатӣ, шаҳрвандӣ, коммуналӣ ва нақлиётӣ аҳамиятӣ бузург дорад. Бо назардошти ин, дар соҳаи сохтмони  кишвар барои коркарди усулҳои бунёди иншоотҳои зеризаминӣ диққати махсус дода мешавад.

Китоби нав: “Корҳои амалӣ аз химияи фарматсевтӣ”

Китоби мазкур барои донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ қобили истифода буда,  аз се қисм ва 28 боб иборат аст ва бори аввал ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Ҳашт боби қисмати аввалро, ки марбут ба кимиёи ғайриорганикӣ аст, маводи доругии элементҳои гурӯҳҳои якум то ҳаштуми системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев ташкил медиҳанд. Бобҳои боқимонда: Маводи  доругии органикӣ, спиртҳои  алифатӣ, эфирҳо, кислотаҳои карбонӣ, фенолҳо, фенолокислотаҳо, сулфаниламидҳо, пайвастаҳои гетеросиклӣ, алкаллоидҳо, гормонҳо, витаминҳо ва антибиотикҳоро аз бар кардааст. Дар китоб бори аввал маводи доругии

Страницы