Маркази такмили ихтисос

Маркази такмили ихтисос аз 1-уми апрели соли 2012 тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  санаи 30.10. соли 2012 таҳти № АУ-  00011 ва дар асоси  «Оиннома», «Низом­­нома», «Дастурамал»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» фаъолият менамояд.

Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти марказ иборат аст:

– такмили дониши кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳамаи китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, тавассути курсҳо, таълим дар ҷойи кор ва семинару конфронсҳои ватанию  хориҷӣ ба роҳ мемонад;

–  курсҳои такмили ихтисоси китобдорӣ;

– курсҳои сайёри такмили ихтисос;

– ташкили семинарҳо, маърӯзаҳо, симпозиумҳои ватанию хориҷӣ;

– омӯзиш ва тарғиби донишҳои китобдорӣ, таҷрибаи пешқадами соҳаи китобдории ватанию хориҷӣ ба воситаи васоити ахбори умум;

– ташкили маркази таълимию тренингӣ оид азхудкунии технологияи навтарини соҳаи китобдорӣ барои  китобдорони ҷумҳурӣ;

– тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ гардонидани  ҳамкориҳо бо   сафоратхонаҳо, созмонҳо, ширкатҳои байналмилалӣ, барномаҳои ЮНЕСКО оиди  рушди  фаъолияти  китобдорӣ (тайёр ва бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ).

  Реҷаи кории шуъба:                                                        аз соати 800 то 17 00

Рӯзҳои корӣ:                                                                       душанбе-ҷумъа

Муовини сардори Марказ:                                             Ҳалимова Гулчира Ҳамитовна

Телефон:                                                                              221-06-18