Китобхонаи миллӣ

Шуъбахои фаъоли Китобхона

Китоби нав: “Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо”

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баҳри рушду нумӯи тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа шароити созгоре замина гузошт. Ин буд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Зикр намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои махсуси давлатӣ доир ба рушди соҳаи китобдорӣ қабул гардида, дар амал татбиқ шуданд, ки ҳамчун омили ҳуқуқӣ ва таъминкунандаи масоили иқтисодӣ дар рушди соҳа замина гузоштанд.

Ҳамзамон, бунёд ва ба истифода додани биноҳои наву замонавии

Публисистикаи Саломиддин Мирзраҳматов-муаррифгари чеҳраҳои таърихӣ ва сиёсӣ

Чунин ном дошт мизи гирде, ки охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон ва таҳлилгарон баргузор шуд. Саломиддин Мирзораҳматов-рӯзноманигори шинохта, ки ҳамакнун дар Қазоқистон ҳаёт ба сар мебарад, ахиран бо иншои чандин очерк аз ҳаёти маъруфтарин чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон маъруфияти бештаре

Ҷанг аз он сӯи баҳр оғоз мегардад

Чунин ном дорад романи нависандаи маъруфи ҷопон Рю Мураками, ки ба қалами рӯзноманигори шинохт Абдулғаффор Қурбонов тарҷума ва чоп шудааст. Дар муаррифии кутоҳи оғози китоб мехонем:  Рю Мураками, устоди сухан, ки ноумедӣ ва дарди насли азбайнрафтаро васф намудааст, романҳоеро эҷод кард, ки баъд ба афсона мубаддал шуданд. Ин китобест дар бораи фоҷиаи шахсӣ, фалокатҳои воқеӣ, талаби омурзиш, тарсу ҳароси доимӣ, хаёлоти дардовар, ки ҳамқадами муқаррарии қаҳрамонҳо мебошад ва аз худ дар ниҳояти кор ҳиссиёти дардноки сарчархзанӣ боқӣ мемонад.

«Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад» - ин суруди пур аз истеҳзои бераҳмона, насли аз тахайюлот маҳрумшудае мебошад, ки ақидаҳои нигилистии он ягона роҳи халосӣ дар ҷаҳони бенатиҷа

Хонед, то дуруст нависед

“Дуруст бинависем” исми китоби донишманди тоҷик, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” Рустами Ваҳҳоб аст, ки бори дуюм бо иловаву тасҳеҳоти нав соли 2016 чоп шуд. Китоб дастури хубест барои касоне, ки мехоҳанд калимаву ибороти тоҷикиро дуруст нависанд. Ва бидуни шак, имрӯз забони мо шадидан ба ислоҳи иштибоҳот ниёз дорад. Аз баҳсҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сармезананд, мебинем, ки калимаву ибороти маъмул ва серистеъмол ҳам шакли ғалати навишт доранд.

Чуноне дар саоғози китоб мехонем, “дар ин китоб шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиову телевизион ба назар мерасад, баррасӣ гардидааст.

Китобу китобхонаҳои ҷаҳон

Шоҳи Ошурӣ (Империяи Ошур, ки то асри VII то милод вуҷуд доштааст) дар шаҳри Нинво (Нинво-пойтахти давлати Ошур буд ва дар каронаи дарёи Даҷла, қаламрави имрӯзаи Ироқ қарор дошт. Ин шаҳр соли  612 пеш аз милод ба дасти  ақвоми мод ва бобул-модиҳо ва бобулиён вайрон шуд) китобхонаи подшоҳиро «Кохи ҳикмату андарз» номида, беҳтарин донишмандони замонро ҳамчун  ситорашиносон, риёзидону меъморон,

Страницы