илмӣ-таҳқиқотӣ

Вақт ва китоб: Чиро ва кай бояд хонд?

Ақидаи мавҷуд аст, ки гўё барои муваффақ шудан донишҷўе бояд ҳатман дар як шабонарўз 13-14 соат дарс бихонад. Аз як тараф тавон ва ҳавсалаи фардии инсонҳо гуногун аст, аз тарафи дигар ангезаҳои донишҷўён ҳам бо якдигар фарқ доранд. Ҳамчунин омодагиҳои дарсии ҳама яксон нест. Бинобар ин муҳимтар аз он ки ба сурати тез соатҳои мутолиаи худро афзоиш диҳем, ин аҳамият дорад, ки аз миқдори соатҳои мутолиаи худ – ҳар қадар ҳам ки бошад – беҳтарин ва

90 соли доктори илми тиб Кибриё Ҳасанова

Аз ҷумлаи пурмаҳсултарин олимони соҳа аст. Бонуе, ки умраш сарфи муҳимтарин пажӯҳишҳо дар риштаи илми тиб шудааст.  Ҳасанова Кибриё - доктори илми тиб. Соли 1928 дар шаҳри Хучанд ба дунё омадааст. Ў аълочии тандурусти ва аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.

Соли 1951 Донишкадаи давлатии тиббии Тошкентро хатм намуда, солҳои 1956 – 1958 ассистенти кафедраи госпиталӣ Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон шуда кор кардааст.

Соли 1962 мудири кафедраи терапияи факулта ва солҳои 1983- 1996 мудири кафедраи Донишкадаи давлатии тиббии

Ашӯр Сафар

Имрӯз, 1-уми майи соли 2018 Ашӯр Сафар-шоири маъруф, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Абуабджуллоҳи Рӯдакӣ,Шоири халқии Тоҷикистон 90-сола шуд. Пайвандон, ҳаводорони шеъраш ин санаи муҳимро бе ӯ ҷашн мегиранд. Шоири дардошно олами моро тарк кардааст, аммо ашъори нобаш умри ӯро ҷовидон гардонида.

Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ашӯр Сафар 1-уми майи соли 1928 дар деҳаи Роботингаки ноҳияи Ҳамадонӣ чашм ба олам кушодааст. Соли 1958 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлобро ба охир расонда, дар вазифаҳои нозири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб,

Апрели соли 2018

1-уми апрел

60-солагии зодрўзи Гулбегим Ватанбекова (1958), олимаи соҳаи тиб.

85-солагии зодрўзи Александр Войченко (1933), олими соҳаи педагогика, профессор.

60-солагии зодрўзи Дўстмуҳаммади Дўст (1958), муаррих.

60-солагии зодрўзи Шариф Комилзода (1958), олими соҳаи педагогика, китобшинос.

Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ...

Дар бораи Наврўз, таърихи пайдоиши он ва тарзу усули ҷашнгирии он қиссаю ривоят ва ҳуҷҷату навиштаҳо хеле бисёр аст ва омўзиши самтҳои мухталифи он то имрўз аз сўи донишварону бостоншиносон ва пажуҳишгарон идома дорад, аз ҷумла оғози Наврўзро ба рўзи ба тахт нишастани Ҷамшед мансуб медонанд.

Ба Ҷамшед, бар гавҳар афшонданд,
Мар он рўзро рўзи нав хонданд.

Страницы