“Солнома-мавлуднома” дар таҳияи Ёрмуҳаммади Сучонӣ

     Китоби нави солноманавис ва тақвимнигори шинохтаи кишвар Ёрмуҳаммади Сучонӣ бо номи “Солнома-мавлуднома” аз чоп баромад. Ин китоб ба сони гоҳномаест, ки соле як маротиба интишор меёбад ва муҳимтарин санаҳои мавлуди шахсиятҳои фарҳангиро бозгӯ мекунад.

    Муаллиф дар сарсухани кутоҳ аз ҷумла менависад: “Дар зиндагӣ инсон ба қадри ҳиммату ғунҷоиши зарфи хеш комгор мегардад, лекин фикри тавоно, дили бузург, хиради бекарона, қудрати офаридгорӣ насиби кам касон мешавад. Танҳо кору пайкори ашхоси тавоно, батолеъю худодод меъёру микёси таҳаввули ҷомеа шуда, бешак, ин афрод оина ва солномаи замони худанд. Инак, талоше ба харҷ рафт, то бар асоси тақвими милодӣ рўзи мавлуди ашхоси шинохташудаи Тоҷикистон ба низом дарояд. Ин ҷо аз нафарони арзандаю шоиста ёд мешавад, ки дар ҷумҳуриамон кору сукунат дошта ё эҷодашон ба Тоҷикистон ва мардуми он бахшида шудааст, ба унвону ҷойизаҳои давлатӣ, унвонҳои илмӣ сазовор гардидаанд.Табиист, ки мақому мартабаи ҳамаи номрафтагон дар як сатҳ нест, вале дар маҷмўъ ҳамагон ба нафъи Ватану халқ хидмат ба ҷой овардаанд. Арбобони давлатӣ, сиёсӣ, ҳуқуқию низомӣ ва ҷамъиятии сатҳи ҷумҳуриявӣ, олимон – академикҳо ва аъзои вобастаи Академияи Фанҳои Тоҷикистон, докторони илму профессорон, намояндагони фарҳанг – аҳли театру кино, мусиқӣ, наққошону рассомон, меъморон, журналистон –хуллас арбобони сиёсат, илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурӣ дар ин солнома гирд омадаанд. Аз зумраи ин азизони барўманд гар нафаре аз ёд рафта бошад, мураттиб аз эшон сидқан пўзиш мехоҳад.

Китоб зери назари профессор Абдусалом Мирализода нашр шудааст ва муҳарири он Фирдавс Аминов аст.

 

Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: