Парчам ифтихори миллат

Тоҷикистон давлати мустақил дорои Конститутсия рамзҳои давлати, ки онҳоро дар якҷоягӣ муқаддасоти давлатӣ мегўянд. Ҳар он чизе ки пок, наҷиб бе нуқс бошад муқаддас аст. Муқаддасоти давлат бошад ин шаъну шараф, обрў ва эҳтибори давлату халқу Ватан аст. Муқаддасоти давлати мо, рамзҳои мо муқадассоте мебошад, ки мардуми шарифи маро дар руҳияи ифтихори худшиносии миллӣ, Ватанпарастӣ, шарафмандӣ давлату далатдорӣ тарбия менамоянд.
Мутобиқи моддаи 3 – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат маҳсуб меёбанд. Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳумини Шўрои Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, қабул карда шуд.

Дар Парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлати инъикос меёбанд. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост.  

Бо ибтикор ва иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатиамон гузошта шуд  ва он ба китоби Рекордҳои Гинес, ворид гардид. Майдоне, ки дар он ҷо Парчами бузурги мо ҷойгир шудааст, хиёбони Парчами миллӣ номгузорӣ шуд. Имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар мамламкат ва дар давлатҳои дунё парафшон буда аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона дарак медиҳад. Парчамро суханварона сари баланди халқ, шиносномаи он дар арсаи байналмиллалӣ меноманд. Воқеан чун парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сўи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад.

Парчами давлатии мо на танҳо аз лиҳози бузургӣ балки интихоби пурмазмуну файласуфонаи рангҳои он сурх, сафед ва сабз низ ифодакунандаи орзуву ормонҳои миллати тоҷик мебошад. Нақши тоҷ ва ҳафт ахтар дар меҳвари он бозгўи миллати аз қадим соҳибдавлат ва тоҷдор будани онро нишон медиҳанд.

Нангу номуси ватандорӣ барои ҳар як инсони ватандўст, ифтихору ғурури баланди миллӣ дошта, волотар аз ҳама гуна сарватҳои моддӣ мебошад, чунки бидуни ин ҳама фард, миллат озод ва соҳиби Ватан буда метавонад. Бояд ҳар як тоҷикистонӣ дар дил муҳаббати Парчами сурху сафеду сабзи ватанамон Тоҷикистон парварад, парчаме, ки инъикосгари ояндаи дурахшони мо мебошад. Бошад, ки Парчами Тоҷикистон ҳамеша баланду парафшон бошад ва тавре дар Суруди миллии мо ишора мешавад, ба зери он мо саф кашида бошем ва дар сояи он, мо шаҳрвандони Тоҷикистон барои ояндаи неку ҷовидони Ватани аҷдодии худ саъю кўшиш намоем.

Сафарова Сайрон
Мутахассиси шуъбаи илмӣ тадқиқотӣ

Барчаспҳо: