Сухане чанд аз таърихи Саразми бостонӣ

Шаҳри Саразм — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби Зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.a

Қиссаи хеле аҷиб. Китобдор -Донор

Солҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  дар мамлакат дар ҳудуди  5,5 миллион донорҳо  ба  фронт 1 миллиону  700 ҳазор  литир  хун дода буданд. Он солҳо ба ин  ҷасорати ватанпарварон  донорҳои Тоҷикистон  ҳам саҳми  муайяне  гузоштаанд.

Ҳар дафъа  баъди  шунидани  иттилооти  Бюрои  информатсионии   Советӣ  Мария  Алексеевна  бесаранҷом  мешуд. Хаёлаш  ўро ба  кўҷоҳо намебурд. 

Пирӯзӣ дар ҷанг. Ҳазорон тоҷикистонӣ дар сафи пеши ҷабҳа буд

Ғалаба бар фашизм чашни мукаддас буда, инсониятро  огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромўш кардани оқибатҳои ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабори худро надорем.

          Эмомалӣ Раҳмон  

Тафреҳ: Шеъри нав аз Нилуфар Воҳидова

 Ғам махӯр, ин имтиҳони навбатиро бигзарем,

Даври андӯҳу замони хастагиро бигзарем.

Бар халоиқ неъмати Холиқ биборад он замон,

Ранҷиши ёрону дилозурдагиро бигзарем.

 

Растаи бозор лаболаб, лек инсоф бенишон,

Ҳиллаи виҷдонфурӯшу қимматиро бигзарем.

Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Китобдорони ҷанговар

Дар миёни ҷанговарони ҷабаҳоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ даҳҳо нафаре буданд, ки ё то ҷанг ё баъди ҷанг китобдорӣ кардаанд. Иддае пажӯҳишҳои арзишманди китобшиносӣ ҳам анҷом додаанд. Аз ҳоли бисёре аз онҳое, ки чун китобдор ба ҷанг рафтанду барнагаштанд, иттилои чандоне надорем. Вале маъхазҳо дар бораи онҳое навиштаанд, ки ҷангиданд, баргаштанд ва чун фотеҳон ба кори худ идома доданд. Дар зер аз чанде аз онон ёдоварӣ мекунем.

Гурез ДЎСТОВ

 

Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Ҳикояте аз рӯзгори Партов Буйдоқов

 Толибилмон мегуфтанд , ки Партов Ҷалилович падари маънавии мо ҷавонони  аз қишлоқ омада буд. Ў мураббии собиқадор, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон дода, чандин бор ҷароҳат бардоштааст. Ба омўзишгоҳ бошад, баъди ҷанг омад. Тўли солҳои зиёд дар ин ҷо садҳо ҷавонони  болаёқатро ба воя расонида, ба соҳаҳои  гуногуни хоҷагии  халқи ҷумҳурӣ гуселонид. Сари даҳҳо ятимонро падарвор бо даст сила карда, шебу фарозашонро бо эшон якҷоя дидааст…Ман инро акнун фаҳмидам. Фаҳмидам вақте ки саҳифаҳои чанд рўзномаро варақгардон кардаву ба чанд бойгоние сар халондам. Фаҳмидам вақте, ки бо шогирдони ў ҳамсўҳбат шудам. Фаҳмидам, вақте расми ниҳоят зебои ўро дар 

Страницы