Китобҳои сӯхта: Киҳо буданд китобсӯзони ин миллат?

Аҷнабиён тӯли торихи дароз на яку ду ва саду ҳазор, балки миллионҳо нусха китобҳои хоноро сӯхтанду ба хокистар табдил доданд. Аз асри Чингизи ғаддор то Ленину Истолин агар ҳисоб кунем чӣ ганҷинаи ноби мо аз даст рафт. Аз китоби муқаддаси Қуръон то ашъори Рӯдакиву Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз,Ҷомиву Навоӣ, Ҳиловиву Амир Хусрав, Бедилу Ҳасани Деҳлавӣ ва ғайраву ҳоказо туъмаи оташи ғосибон шуданд. Онҳое ба ганҷинаи ҳикмати мо дасти ғорат дароз карданд, ки ҳарфе аз онро намефаҳмиданд.

Марҳабо Ҷабборӣ: Навиштан бо забони кӯчагӣ бар зарари забони модарист

Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон гуфт, “мушкилнависӣ дар адабиёт на ба фоидаи хонанда аст, вале бо забони соф кӯчагӣ навиштан бар зарари забони модарист. Ноширон набояд  бо баҳонаи сода кардани забон онро ба ҳадди як забони кӯчагӣ расонанд. Забони мо забони шеър буд ва бояд ба ҳадди ҳамин забони шеър бимонад”.
Муовини сарвазири Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри 4-уми сентябр дар маросими ифтитоҳи Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ дар ҳузури ҷамъе аз мардум суҳбат мекард, гуфт, ки “дар сар то сари Тоҷикистон бештар аз 50 нашриёт ба чопи пурарзиштарин ганҷинаи маърифати мардум машғуланд ва ҳар сол садҳо номгӯ китобҳо аз классикони форсу тоҷик то адибони муосир,

Баҳси “Тоҷнома”- ву ҳуввияти миллӣ дар Китобхонаи миллӣ

Ҳамоиши «Нашри силсилаи «Тоҷнома» тадбири муҳим дар шинохти асолати миллӣ», ки баъди зуҳри рӯзи гузашта дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, аз хотирмонтарин нишастҳои чанд рӯзи охир буд.
Ҳамоиш бо ширкати роҳбарони Китобхона ва ҷамъе аз устодону шогирдони донишгоҳҳои олии кишвар баргузор шуд.
Дирктори Китобхона Сайфиддин Назарзода нашри ин силисларо иқдоми хубе дар шинохти....

Дар ним сол 147 ҳазор сайёҳон аз Тоҷикистон дидан кардаанд

Дар Конфронси байналмилалии “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” масоили марбут ба рушди сайёҳӣ дар кишвар, стратегияи давлатии тавсеъаи туризм, ҷалби сайёҳон ва мушкилоти ношӣ аз ободонии макони диду боздиди сайёҳон мавриди баррасӣ қарор гирирфт.
Ин Конфронс қабл аз зуҳри рӯзи шанбе, 29-уми августи соли равон бо ширкати Муовини Сарвазири  кишвар Марҳабо Ҷабборӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Чорабиниҳои рӯзи китоб ва чанд эълони дигар

Рӯзи китоб
Рўзи 4-уми сентябри соли равон соати 14:00 дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии калони фарҳангӣ бахшида ба «Рўзи китоб» доир мегардад. Ширкат озод.

Рўзи дарҳои боз
Ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рўзи китоб» аз 3 то 5 сентябри соли равон дар Китобхонаи...

Сеюмин ҷаласаи вузарони адлияи кишварҳои узви СҲШ

Сеюмин ҷаласаи вазирони адлияи давлатҳои узви  Созмони ҳамкории Шонҳой дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он сарони вазоратхонаҳои адлияи кишварҳои узв ширкат карданд.  
Дар ҷаласа  Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расид, ки  дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Вазоратҳои адляи давлатҳои узв ба танзим дароварда шудааст. 

Страницы