Директорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Аз Белудау то Сирус

         Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қади­мулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчаш­маи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд. Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти

«Эпиграммы»: Хурдтарин китобе дар бойгонии Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ

«Эпиграммы». Ин китоб хурдтарин китоб аз назари ҳаҷмаст, ки дар бойгонии шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Дарозии он 4,4 сантиметр ва паҳноям 3,8 сантиметр аст.
Ин аслан силсилакитобҳоест, ки беҳтарин латифаҳои ҳаҷвнигорони Британия, Олмон, Испания,Русия, Фаронса гирдоварӣкардаанд.
Силсилаи нашри «Эпиграммы» аз соли 1986 роҳандозӣ шудааст ва он аз тариқи нашриёти “Книга”-и шаҳри Москав мунташир мешавад.

Аз 233 донишомӯзи давраҳои омӯзиши забонҳо 64 нафар соҳиби сертификат шуданд

Зарфи шаш моҳи соли равон 597 худро барои омӯзиши забонҳои гуногун дар давраҳои омӯзишии забонҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон номнавис кардаанд.
Аз ин теъдод 233 нафар дар ин давраҳои омӯзишӣ таҳсил кардаанд ва то ин дам 64 нафари онҳо баъди хатми бомуваффақият соҳиби сертификатҳо шудаанд.
Мавриди ба зикр аст, ки дарсҳои омӯзиши забонҳо ҳафтае се маротиба гузаронида мешаванд...

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: “Ваҳдат кафили таҳким ва пойдории Истиқлолият аст”

Аз хусуси ваҳдати миллӣ, вежагиҳову хуҷастагиҳои он хеле зиёд гуфтаву навишта шудааст. Имрӯз ҷои баҳс нест, ки дастоварди бузургтарини  миллати мо Ваҳдати миллист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора барҳақ гуфтаанд: “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”.
Мо имрӯз хурду бузург вожаи ваҳдатро дар гуфтори ҳамарӯзаамон бисёр истифода мебарем. Ин вожа барои мо муқаддас аст, зеро дар он армони ҳазорсолаи халқи мо таҷассум ёфтааст. Ин вожа барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландиву фирӯзӣ, сериву пурии халқи мо марбут ба он аст. Ин вожа ҳамон офтоби дурахшонест, ки роҳи моро дар  ҷодаҳои на ҳамеша ҳамвору на

Страницы