Идомаи давраи омӯзишии “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ”

Давраи омӯзишии “Таснифоти  даҳгонаи универсалӣ” (ТДУ) барои кормандони Китобхонаи миллӣ идома дорад.  Аз рӯйи ҷадвали  ТДУ асосан дар бораи  соҳаҳои муҳими илму фановарӣ омӯзиш мебинанд.
Дар омӯзиши навтабатӣ соҳаи тиб интиихоб шудааст. Аз ҷумла, ширкаткунандагон рамзҳои 611-анатомия, 612 - физиология, 613 – гигиена, 614 - тандурустӣ, 615 - формакология, 617 – ҷарроҳӣ, 616 - паталогия маълумоти пурра мегиранд.

Бузургтарин китоби шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ

Трагедияи «Фауст» аз нигоҳи ҳаҷм бузургтарин китоби Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Kитобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. "Фауст" ба қалами адиби олмонӣ Иоганн Волфганг Ҳуте иншо шуда, яке аз асарҳои нодири адабиёти ҷаҳон ва намоишномаҳои машҳури театрҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки аз ду ҷилд ва 390 саҳифа иборат мебошад.
Ин  асар соли 1899 дар  нашриёти “А.Ф Маркса” – и Санк – Петербург нашр шудааст. Китоб ба забони русӣ (бо ҳуруфи тоинқилобӣ) буда, аз ҷониби  Александр Фет ба забони русӣ тарҷума  шудааст.
Дарозии китоб  44 ва паҳноияш ба 36 сантиметр баробар буда, 66

Идомаи муаррифии имкониятҳои китобхона

Cанаи 29-уми сентябри соли ҷорӣ муаррифии имкониятҳои китобхона ва даъват ба китобхонӣ дар Муассисаҳои тахсилоти умумии № 7, №10 ва Гимназияи № 9-и ноҳияи Исмолили Сомонии шаҳри Душанбе идома ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гурўҳи кормандони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ва Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳим сафарбар гардиданд.

Дар нуҳ моҳ теъоди аъзои нави Китобхонаи миллӣ 11 ҳазору 100 нафар афзуд

Дар нўҳ моҳи  соли ҷорӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ 11 ҳазору 100 нафар хонандагон пазируфта шуданд.  То имрўз ба Китобхонаи миллӣ 94 ҳазору 758 нафар аъзо шудаанд, ки аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи Тоҷикистонанд.
Фонди шуъба  зиёда аз 60133 нусха китоб иборат аст, ки аз инҳо зиёда аз 11835 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва боқимондааш бо забони русӣ мебошанд.

Страницы