Ёди гулӯсӯзи устоди китобам...

Хурд будам. Аввали соли хониш буд. Мо нав аз синфи ибтидоӣ ба синфи панҷум гузашта будем.
Баъд аз шиносоӣ бо роҳбари синфамон муаллима Марзия Утаева ва синфхонаи навамон, мо ба саҳни мактаб баромадем ва ман ҳамроҳи писархолаам Фурқат, ки якҷо ба мактаб рафта меомадем, бо мақсади обнўшӣ паси бино гузаштем. Он ҷо шоҳиди як воқеа шудам, ки дар тўли чор соли таҳсилам чунин воқеаро дар миёни гурўҳи ҳамсинфон ёд надоштам. Ҳамсинфон дар

Дар як сол хонандагони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ 5 920 адабиёти нодир мутолиа кардаанд

Кормандони Шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ дар як сол 32 мақола аз фаъолиятҳои худ интишор додаанд.
Соли 2016 Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ба 5017 нафар хонанда хизмат расондааст, ки нисбат ба як соли пеш 2416 зиёд мебошад.Дар як сол хонандагони шуъба бо 5 ҳазору 920 адабиёти нодир ошно шудаанд.
Бо истифода аз технологияи муосири иттилоотии компютерӣ, сабти номи муштариёни шуъба дар

38 нафар кормандон давраҳои омӯзишии Маркази такмили ихтисосро хатм карданд

Соли 2016 бори аввал бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ курсҳои сайёри кутоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар минтакаҳои гуногуни кишвар гузаронида шуд
Дар Маркази такмили ихтисоси Китобхона дар соли 2016 -ум   курси «Омўзиши донишҳои компютерӣ»-ро 18 нафар ва курси омўзиши “Фаъолияти китобдорӣ”-ро 20 нафар

Тафреҳ: Як ғазали нағз аз хоҷаи Шероз

Эй Подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе Ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ.

Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ.

Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: “Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ”.

Соли ҷорӣ бештар аз севвуним ҳазор нафар аз толори хониши кӯдакони Китобхона дидан кардаанд

Дар як сол 3 ҳазору 528 нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз толори хониши кӯдакону наврасон дидан кардаанд. Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ки масъули саёҳат дар Китохона аст, мегӯяд хоҳишмандони тамошои толори хониши кӯдакон бештар аз соли гузашта буд.

Саёҳат дар Китобхона як шохаи пурмасъулияти кори китобдорон аст. Навомадагонро бо толорҳои хониш,

“Арчаи солинавии мо”

Чунин ном дошт мавзуъи суҳбати навбатии маҳфили “Дастони моҳир”, ки ахиран дар толори хониши кӯдакон баргузор шуд.
Ҳамчуноне аз номаш пайдост, ҳадаф истиқболи Соли нави масеҳӣ ва ба хонандагон фаҳмонидани фалсафаи ҷашни Соли нав бо арчаи сарсабз буд.
Чун анъана дар толор вобаста ба ҷашну маросимҳо бачаҳои зирак ҳошиши омода намудани ҳар гуна бозичаҳоро мекунанд ва ин талабу хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта,

Страницы