Хонандагони фаъоли Китобхона ба Шуъбаи хизматрасонии махсус 35 китоби чопи брайлӣ тақдим карданд

Бойгонии Шуъбаи хизматрасонии махсус бо 35 адад китоби чопшуда бо ҳуруфи брайлӣ ғанӣ шуд.
11 номгӯй китоб ба теъдоди 35 адад аз ҷониби хонандагони фаъоли Китобхона тақдим шуд. Инҳо китобҳое мебошанд, ки соҳибонашон борҳо хондаанд ва ҳоло хостанд онро ба дигарон низ пешкаш кунанд.
Чунончӣ, Фаррух Имомов, донишҷўи бахши 3-юми Донишгоҳи омўзгории пойтахт ба номи Садриддин Айнӣ, маъюби гуруҳи 1-ум  9 адад китоби Қуръони Карим ва 7 китоби дарсиро бо ҳуруфи брайлӣ тақдим кард.

Бойгонии шуъбаи Дастхатҳои Шарқ бо 225 китобҳои қадима ғанӣ гардид

Соли 2016 4 ҳазору 487 нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз “Осорхонаи итобҳои нодир” дидан кардаанд.
Соли 2016 шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон  439 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангиро барои харидорӣ аз аҳолӣ ҷамъ овард ва  225 адади он харидорӣ гардид.  120 адад нусхаи хаттӣ ба шакли PDF дароварда шудааст.
Ба толори хониш ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 4487 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварданд.
Илова бар ин 856 нусхаҳои хаттии фонди ин шуъба ба хотири нигоҳ доштан аз фарсудагӣ пурра варақгардон шуда, 298 нусхаи хаттӣ барои таъмиру тармим интихоб карда шуд. Шуъбаи таъмир ва тармим 1993

Соли 2016 ба Китобхонаи миллӣ 34 ҳазору 674 нусха китоб ворид шудааст

Дар соли 2016-ум  34674 нусха адабиёт ба  маблағи  умумии  1004279,24  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид ва мавриди коркард қарор дода шуд. Дар ин бора ахиран дар маҷлиси ҷамъбастии Китобхонаи миллӣ сухан рафт.
Гадобек Маҳмудов, Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронӣ аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 эълон кард, ки ба захираи умумии Китобхона 24892 нусха ба маблағи умумии  552021,90  сомонӣ ворид ва ба фонди

Дар як сол ба шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо 7 ҳазору 832 нафар муроҷиат кардаанд

Соли 2016 ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 7832  нафар  истифодабарандагон  муроҷиат намуданд, аз онҳо 397 нафар  хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон  1512  нусха  адабиёт  ба  хона барои  истифодаи  муваққатӣ  дода  шуд. Бо  воситаи  абонементи  байни  китобхонаҳо   120   нусха  адабиёт  ба  вилояти  Суғд,  164  нусха  ба вилояти  Хатлон,  84 нусха ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва 750

Страницы