Нахустин Ҷулеттаи тоҷик кӣ буд?

Ҳунарманди шинохтаву варзида Хайрӣ Назарова 2-юми июли соли 1923 (тибқи баъзе маълумот 13-уми октябри соли 1923) дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб ба дунё омадааст.
Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  фаъолият намудааст.
Дар давоми фаъолияти корӣ як қатор нақшҳои хотирмонро бозидаву худро чун ҳунарманди нотакрор барои бинандагон муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, Зўҳро (дар намоишномаи «Тоҳир ва Зўҳро»-и С.Абдулло), Ойхон (аз «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Хамза), Райҳон (аз «Арўси  панҷсўма»-и М. Урдубодӣ) ва ғайра.
Дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин нақшҳои офаридааш Ҷулетта дар «Ромео ва Ҷулетта», Корделия дар «Шоҳ Лир», Дездемона «Отелло»-и У. Шекспир мебошад.

Намоиши китоб дар меҳмонхонаи Шератон

Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии “Ҳамсол ба ҳамсол” дар  меҳмонхонаи  “Шератон” чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Фаридун Азизов ва Барно Самиева  иштирок намуда, дар мавзўи “Дастовардҳои имрўзаи  Китобхонаи миллии Тоҷикистон” намоиши китоб ташкил намуданд.

Л. Будагов: Тоҷик аз калимаи кутоҳкардашудаи тоҷ ва гулчанбар гирифта шудааст

Семёнов Александр Александрович (1873—1958) шарқшинос, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951), директори Институти таърих, археология ва этнографияи АИТ, асари навбатии худ бо номи «Тасвири этнографии Зарафшони куҳӣ, Қаротегин ва Дарвоз»-ро (Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза) соли 1903 дар шаҳри Москва аз чоп бароварда буд. Ин китоб аз 112 саҳифаи матнӣ ва даҳ саҳифаи махсуси тасвирӣ иборат буда, матни китоб бо

Андешаҳо перомуни китобхонаҳои мактаб

Инсоният дар тўли таърихи фаъолияти худ ҳамеша кушиш ба харҷ додааст, ки ба мушкилоти мухталифи зиндагӣ посух бигўяд, сиру асрори ҷомеаву зиндагиро ошкор намояд. Бисёр гуфта шудааст, ки мутолиа огоҳии мардумро зиёд менамояд ва ин боварӣ дар нигоҳи ҷамъӣ боис мешавад то ҳалли масъала дар ҷомеа афзоиш пайдо кунад. Ин албатта, кори саҳл ва осон нест, ки аз мутолиа бармеояд, он ҳам дар ҷаҳоне, ки  метавонад мутолиа эътимод ба нафси  афродро

Вижагиҳои феҳристнигории нуcxaҳoи хаттӣ

Феҳристнигории нусхахои хаттӣ, яке аз фунуни тахассусии муҳим ва  абзори бисёр муфид барои таҳқиқоти илмӣ махсуб мешавад. Дар ҷаҳони Ғарб дар ин замина фаъолияти зиёде сурат гирифта ва осори арзишманде ба забонхои гуногуни дунё падид омадааст. Дар партави ҳамин муроҷиа имрўз мо метавонем аз чӣ гуна сурат гирифтани тавсифи нусхаҳои хаттии форсиву точикӣ харф бизанем.
Қобили зикр аст, ки тавсифи нусхаҳои хаттии Ғарб

Истиқлолият - неъмати бебаҳост

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту панҷ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик

Страницы