Даъвати донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ба Китобхонаи миллӣ

Чорабинии навбатии «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» баъди зуҳри имрӯз, 27-уми апрел дар толори Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мулоқот ҷамъе аз донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи миллӣ гирд омаданд ва дар бораи Китобхонаи миллӣ ва шароитҳои он маълумоти муфассал дарёфт карданд.
Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов дар бораи ҳадафи мулоқот бо хонандагон ибрози назар...

Рӯнамои «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»

Рӯнамои ҷилди аввали китоби тозанашри «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ширкати беш аз 60 нафар донишмандон ва муҳаққиқону фарҳангнигорон баргузор шуд.
Ҷилди аввали “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” бо талоши Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи мардуми тоҷик” нашр шуд ва он барои муаррифии арзишҳои маънавии халқи азизамон нақши муҳим дорад. Ин китоби бисёрҷилда доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро ба таърихи ташаккули фарҳанги  миллиамон шинос менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар бойгониҳои илмию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла институтҳои таҳқиқотии Академияи илмҳо, пажўҳишгоҳҳову донишгоҳҳо, Осорхонаи миллӣ ва дигар

Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табиати  Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумотҳои навтарин дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13.000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4.500 намуди рустаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кўҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст.
Ҳаёт ва рўзгори беш аз 70% аҳолии кишвар аз истифодаи сарватҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некўаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  267 намуди рустаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба

Тақдими 1600 китоб аз Китобхонаи миллӣ ба як мактаби ноҳияи Варзоб

Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дархости мактаби рақами 46, деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб ба китобхонаи ин мактаб 1600 адад китоб тақдим кардааст.  Намояндагони  шуъбаҳои такмили адабиёт, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва маркази такмили истисоси кормандон, ки дар эҳдои китобҳо ширкат доштанд, суханронӣ намуданд.
 Дар маросими тақдими китобҳо бештар аз 400 нафар устодону...

Сиккаҳои Ҳисори Шодмон

Китобест таърихӣ ва ривоятгари як бахш аз таърихи зиндаи кишвар.
Ҳисори Шодмон  таърихи  қадима дорад   ёдгориҳои таърихии он нишонае  аз  кўҳанбунёдии  ўст.  Яке аз онҳо маҷмааи ёдгориҳои таърихи Қалъаи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор ва маҷмўаи ёдгориҳои таърихии он нишонае аз маданияти зиёда аз панҷҳазорсолаи Тоҷикистон буда, яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёнаджоди  ин сарзамин ба шумор меравад. Ҳисор (маънои луғавияш қалъа, мавзеи  атрофаш  деворбаста, диж) зиёда аз 40 ҳазор сол инҷониб ҷойи сукунати одамон аст.
Ин сарзамин ҳанўз дар давраҳои Пешдодиёни афсонавӣ ва замони Зардушт бо номи Шумон давлати алоҳидаеро

Фарҳанг – ҳастии миллат

Чунин ном дошт маҳфили адабиву фарҳангие, ки рӯзе қабл дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, донишҷӯён ва ҳунармандон доир гардад.
Маҳфилоро шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона буд ва он ба Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг бахшида шуда буд.
Гадобек Маҳмудов, Муовини Директори китобхонаи миллӣ дар сухани

Страницы