Ободонии рӯзи шанбе: гармои тобистон нигоҳубини ҳаррӯзаи сабзаву гулро мехоҳад

Субҳи имрӯз боз ҳам рӯзи ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ буд. Рӯзе, ки аз дирӯз гармтар буд ва акнун ҳар рӯзи фасли тобистон аз рӯзи пеши он гармтар мешавад.
Тобистон ва гармои ин фасл водор мекунад, ки ба дахатон, гулу буттаҳо ва сабзазор муносибати дигар сурат мегирад. Обмонии ду-се рӯза дигар кофӣ нест. Агар ҳар рӯз ниҳолҳоро ва гулҳоро об намонанд, онҳо хеле зуд пажмурда мешаванд.
Ба ҳамин мақсад кормандони Китобхонаи миллӣ имрӯз ободониро аз нигоҳубини гулҳову сабзаҳои назди бино

Шасту се навъ ҳунари хаттотии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ

Рисолаи «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ дар хусуси намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ баҳс менамояд. Дар он 63 навъи хати арабӣ аз ҷумла: сулс, ёқутӣ, насх, кўфӣ, риқоъ, моҳӣ, гулзор, нохунӣ, настаълиқи ҷалӣ, таълиқ, шикастаи таълиқ, настаълиқи хафӣ, исрор, қуръонии бухороӣ, қуръонии кашмирӣ, ғубор ва монанди инҳо нишон дода шудаанд, ки он ҳамчун яке аз асарҳои хуби хаттотӣ аз аҳаммият холӣ нест.

Донишманди асил

Зиёӣ кист ва дар зиндагии ҷомеа чӣ нақше дорад?
Имрӯзҳо дар даврони Истиқлолият мафҳуми зиёӣ, равшанфикр маънои тозае ба худ касб намудааст. Имрӯз зиёӣ равшангари роҳи аҳли ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшони миллат аст. Миллате, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллӣ шудааст. Тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20.03.2017) мефармоянд: «… Зиёии асил дар раванди ташаккул ва тавсеаи тафаккури миллӣ ҳамеша фаъол буда, ба раванди пешрафти маънавиёти ҷомеа таъсир мерасонад».
Хушбахтона, аҳли зиёи тоҷик имрӯз дар сафи пеши эҷодкориву

Чорабинии «Кӯдакон дар пайравии Пешвои миллат» дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи кӯдакон ва наврасон чорабинии муштараки муассисаи таҳсилоти хусусии «Литсейи Раҳнамо» ва Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон» зери унвони «Кўдакон дар пайравии Пешвои миллат» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода дар суханони ифтитоҳии худ зимни табрики кӯдакон ба

Назари Саймуъмин Ятимов дар бораи нақши илм, иттилоъ ва китоб дар таъмини амнияти миллӣ

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо чопи мақолаи “Амният ва илм” изҳори назарҳои ҷолибу хондание дар бораи амнияти миллӣ кардааст. Аз ҷумла ӯ менависад, ки “Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем

Садорат ва кулли кормандони Китобхонаи миллии
Тоҷикистон ба корманди бахши тиббии Китобхона
Мусаввирова Гулбаҳор ҷиҳати даргузашти
бармаҳали падараш изҳори тасаллият намуда,
ба ӯ ва аҳли хонаводааш аз даргоҳи Худованди
бузург сабри ҷамил хоҳонанд.

Страницы