Аълочиёни маориф ва илми Тоҷикистон

 Ду ҳамкори ҷавони мо ахиран ба унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Шобегим Маликшоева ва Абдуғаюр Саломов – ду тан аз ҳамкорони фаъол ва ҷавони мо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин унвони пуршараф қадрдонӣ шуданд.Унвон дар ҷаласаи умумӣ бо ҳузури кормандон аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода

«Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» кай баргузор мешавад?

 “Тараннумгари сухан” номи китобест, ки ҳамин чанд рӯз пештар бо талоши Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар рӯйи чоп омадааст. Он аслан як дастури  таълимӣ – методист, ки ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида шуда, фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи фестивал, номгўи чорабиниҳо, намунаи сенарияҳо, андешаҳои иштирокчиёни  фаъоли фестивалро инъикос менамояд.

 

Дунёи рангоранг

Хуб аст агар китобҳо барои бачаҳо бо тақризҳо чоп шаванд. Чанд маврид мо тақризи адибонро ба китоби ҳамқаламонашон интишор дода будем ва ин иқдом аз ҷониби хонандагон ба хушӣ пазируфта шуд. Ҳоло ҳамкорамон Фирӯза Аҳророва аз ҳафтаномаи “Адибёт ва санъат матлаби навиштаи Нозук Алиеваро дар бораи ҳикояҳои Акобир Шарифӣ-адиби хушзавқи бачагон китобат кардааст, ки фикр мекунем мақбули хонандагон мешавад.

Фаъолияти Акобир Шарифӣ серсоҳа аст. Ў барои дар дили хурдсолон парваридани ҳиссиёти наҷиби инсонӣ ва дар рўҳи

Сиришки ёдҳо...

 Имрӯз ба даргузашти шоираи хушбаён Норинисо Алимуҳаммадова 2 сол пур мешавад. Шоира рӯзи 19-марти соли 2018 баъди бемории тӯлонӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар манзили фарзандаш аз олам даргузашт. Духтари шоира рӯзноманигор, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Воҳидова аз шаҳри Тулаи Федератсияи Русия  ёдномаи саропо меҳру дардро ба сомонаи мо ирсол карда, ки ин 

Омӯзгор, пажӯҳишгар, модари ғамхор

Муҳаббат Иноятова ҳамчун омўзгори асил, солиёни аз фанҳои педагогика, психология, маҳорати педагогӣ дар сатҳи  баланди илмию методӣ, дарсҳои назариявию амалӣ мебарад. Дар  корҳои тарбиявии омўзгорони ҷавон саҳми муносиб гузошта, маҳорат, донишу малака ва таҷрибаи бои хешро пайваста такмил медиҳад.

Иззатова Муҳаббат Иноятовна  10.03.1952 дар шаҳри Кўлоб вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар мактаби рақами №4 шаҳри Кўлоб гирифта, соли 1969 ба бахши рўзонаи факултаи омўзгории Донишгоҳи давлатии Кўлоб 

Мукаддамоти наврӯзӣ

 Чанд порчае, ки ҳоло интихобан пешкашатон мекунем, аз китоби  “Одоб ва русуми Наврӯз”-и Ризо Шаъбонӣ, пажӯҳишгари эронист. Ин китоб соли 2008 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва нусхаҳое аз он дар Китобхонаи миллӣ мавҷуданд, ки хоҳишмандон метавонанд, сари фурсат онро мутолиа намоянд. Ин як пажӯҳише аз таҷлили Наврӯз дар Эрон аст. Вале хеле умумиятҳо бо Наврӯзи Тоҷикистон дорад. Интихобамон ҳам

Страницы