Мукаддамоти наврӯзӣ

 Чанд порчае, ки ҳоло интихобан пешкашатон мекунем, аз китоби  “Одоб ва русуми Наврӯз”-и Ризо Шаъбонӣ, пажӯҳишгари эронист. Ин китоб соли 2008 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва нусхаҳое аз он дар Китобхонаи миллӣ мавҷуданд, ки хоҳишмандон метавонанд, сари фурсат онро мутолиа намоянд. Ин як пажӯҳише аз таҷлили Наврӯз дар Эрон аст. Вале хеле умумиятҳо бо Наврӯзи Тоҷикистон дорад. Интихобамон ҳам аз он аст, ки Наврӯзи Эронро бинем ва онро бо Наврӯзи Тоҷикистон қиёс кунем ва донем, ки решаи ин ҳама тадорукот якест ва қадимитарин ҷашни башар аст.

Наврўзро муқаддимотест, аъам (фарогир) аз он чи ки барои баргузории ҷашнҳо анҷом мешавад, ҳамонанди хариди либосу таҳияи ширинӣ ва хушкбор, биринч, равған ва назири онҳо, ки дар ҳар хонае маъмул аст ва азҳони афроди хонаводаро аз пиру ҷавону хурду бузург ба худ машғул нигоҳ медорад ва ё хонатакониву шустани фаршҳо ва ранг задани хона ва дуруст кардани сабза ва назири онҳо, ки дар ҳар ҳол вақт ва андӯҳу ғами мардумро ба хеш машғул нигох медорад. Маъмули кор ҳам ин аст, ки мардум моҳи исфандро дар шумори рўзҳои муқаддамотии ин ҷашн ба ҳисоб меоваранд ва аз ҳамон оғози моҳ ба наҳве дилмашғулиҳои ҷиддии айёми идро бо худ ҳамл мекунанд.

Ин ки хама ҷо толиби Наврўзанд ва мақдами онро пазира, сухани рўз аст ва ин ки дорову надор ва оливу донӣ ва олиму ҷохил, ҳар касе дар ҳар мавқеияте, ки ҳаёт, худро беихтиёр дар ҷарёни ҳаводиси наврўзӣ мебинад, амрест бадеҳӣ ва роиҷ. Дар ҳеч ҷо нест, ки баҳси  умдаи рўз Наврўз набошад ва русуме, ки дар ин айём, ба сурати суннатҳои устувор ва бетардид ва ғайри қобили гузашт ҷилва мекунанд, матраҳ нашавад. Рўҳияе  низ, ки по ба пои об шудани барфҳои зимистонӣ ва кам шудани сармо ва ҷавона задани  дарахтҳо ва шукуфа кардани шохаҳои мева ва сабз шудани атрофи ҷўйборҳо, ки ҳар рўз нузҳату тароват ва шодобии тозае меёбад,  махсусу азиз менамояд.

 Созу корҳои фарҳангии ҷамеаи баргузоркунандаи Наврўз ба ҳадде бо неруҳои ҳаракат( динамизм) – асосии худ интиқоб дорад, ки ҳеҷ кас дар садади мутавваққеф кардани ҳеҷ бахше қавоиди наврўзӣ нест ва ба зеҳни аҳаде ҳам хутур намекунад, ки хадшае бар аркони матину ҷоуфтода ва мустаҳками он ворид оварад.  Ҳаракатҳои шавқоварини умумӣ дар ростои анҷоми силсилаи иқдомотест, ки на камӣ мепазирад ва на сустиро роғиб (моил) аст, балки аз даруну бурун ҳамоҳанг аст, то мухимтарин воқеаи сол ва бузургтарин пешомади хушоянди умумиро хушомад гўяд ва бо диле мутмайин ва равоне маҳкам ва андешае умедвор ба растохезе, ки дар пай аст, бипайвандад.

Он чиро ки аз рўзгорони куҳан то имрўз ба сурати муқаддимоти баргузории ҷашни наврузӣ зикр мекунанд, метавон чунин рақам зад: 

1.Рангомезии утокҳо ва таъмири харобиҳои ҷузъии сохтмон.

2.Назофати дару девор ва муҳаввати хона ва поку омода зуруфи ғизохўрӣ

3. Гардгирӣ аз фаршҳо ва пардаҳо ва утоқҳо.

4. Хариди қолӣ ё қолинча барои такмили фарши хона ё  табдили фаршҳои кўҳна ба нав .

5. Таҳияи либосу кашфи нав барои афроди хонавода.

6.Таҳияи биринҷ ва равғану гӯшт барои пухтани палави шаби ид.

7. Пахш ва таҳияи нони лавош (нони тунук) барои ид. 

8.Таҳияи маводу лавозими суфраи «ҳафтсин». Сарпарасти хонавода бар асоси суннати миллӣ ва хайсияти хонаводагӣ ва ё чашму ҳамчашмию ҳам ҳифз зоҳир каблан ҳазинаи ин навнавориҳо ва таҳияи васоилу эҳтиёҷоти иди Нарўзро ба ҳар навъи мумкин фароҳам мекунад,  масалан, дар рустоҳо бо фурўши гандум ва ё ҷави боқимонда бар эҳтиёҷу масраф ва ё равғану кишмиш, ки эҳтиётан барои шаби ид захира карда,пуле рў ба роҳ мекунад ва ба анҷоми барномаи иди Нарўз мепардозад. Агар хонаводае, фарзан тиҳидаст буд ва қодир набуд барои зану фарзандон  либоси нав ё  биринҷу равған ва гўшт таҳия кунад,ногузир барои ҷавобгўӣ  ба хостаҳои аҳли хона даст ба сўйи мутамаккинин дароз мекунад ва бо гирифтани маблағе қарз то сари хирман, ҳадди ақали эҳтиёҷи афроди хонаводаи худро фароҳам меоварад.

  Аз бистуми Исфанд ба баъд бархе аз мағозадорон, ки сару кор мустақим бо ид доранд, дуконҳои худро зиннат медиҳанд, оҷилфурўшҳо бо табақҳои  бузургу кўчак аз фандуқу бодому писта ва ё тухмаи ҳиндувонаву тухмаи каду анвои оҷили баҳамчаспида месозанд...

Дар гузашта пардаҳои нақошии ҷанги Рустам ва Исфандиёр ва Деви сафед дар болои ҷабҳа насб буд. Болои ин пардаҳои нақошӣ ба чўббандии наздики сақф, чилчароғҳое, ҳам овехта мешуд ва тазийнотро комил мекард, аммо дар рўзгори кунунӣ камтар фурсат ва ҳавсалае барои ин гуна тадорукот ҳаст ва ба ҳамон ороишҳои соддатар қаноат мекнанд. Вақте, ки мардум ҳанўз ба ҳаммомҳои умумӣ одат доштанд, онҳоро ҳам зинат медоданд. Рахткани ҳаммом маъмулан чаҳор суфа ва аксаран чаҳор сутун дошт. Байни сутунҳо барои истеҳсолкоми бино тирҳое кашида буданд, ки ин тирҳоро бо қоғази алвон, ки буришҳое ҳам ба онҳо медоданд, мепўшонданд. Дар ҳамон гузаштаҳо дар ҳафтаи охирон сол дастаҳое дар шаҳр роҳ меафтоданд, ки яке аз онҳо Оташфрўз буд. Чаҳор - панҷ нафар дасту сурат ва гардани худро сиёҳ мекарданд: миқдоре хамир ба сар гирифта, рўйи он пунба ва кўҳнаи оғӯшта ба нафт мегузоштанд ва оташ мезаданд ва ҳар як машъале ҳам ба даст доштанд ва бо зарби тунбак ва таснифхонӣ иддаи дигаре давр уфтода, аз ҳардукон шоҳии саддиноро мегирифтанд ва вирди забон забонашон ин шеър буд:

Оташафрўзи ҳақирам,

Соле як рўз фақирам.

Ин маросим, албатта, ҷузи онест, ки Ҳоҷӣ Фирўз ва ё Мири наврўзӣ хонда мешавад.  Дастаи дигаре ҳам ба исми Ғӯли биёбонӣ буд, ки як марди қадбаландро интихоб мекарданд, ки қаворае аз пўсти гўсфанди сиёҳ бо либоси часпоне аз сар то ба пойи ўро мепӯшонид, иддае тунбакзан ва таснифҳои даври ўро мегирифтанд ва аз дуконҳо андак пуле дарёфт медоштанд, зикрашонин буд:

 Ман ғули биёбонам,

Саргаштаву ҳайронам.

Аммо бадеҳист, ки аз пайкҳои хушқадаму хушхабари наврўзӣ тасвире нодуруст набояд дар зеҳн дошт. Инон дар гузаштаҳо корашон ҳамоҳанг бо ҳадафашон пуршукўҳ ва бузургу ҷалилу инсонӣ буд. Асилтарин суратҳои пайкҳоро бояд дар  «Оташафрўз» ҷустуҷӯ кард ва шояд қадимитарин номи онҳо ҳам ҳамин “Оташафрӯз” бошад, чи дар гузашта оташ афрӯхтан дар Наврўз аз маросими боаҳамият шумурда мешуд, чунонки дар Курдистон ҳам акнун низ чунин аст. Оташфрўзон ҳам тан ба хорӣ дар додаанд ва худ бо оҳанги ҳазин мехонанд:

Оташафрўз омада,

Соле як рўз омада,

Оташафрўзи ҳақирам,

Соле як рўз фақирам,

Рўда – пўда омада,

Ҳарчи набуда, омада.

 Бад –ин наҳв яке аз онон низ мерақсаду бозӣ дармеоварад ва мардуми давру барро саргарм нигоҳ медорад.

Барчаспҳо: