Китобҳои нав

Китоби нав: “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI”

Устод Худоӣ Шарифзода, ки соли гузашта олами моро тарк гуфт, аз ҷумлаи донишмандони маъруфи кишвар буд, ки бо асарҳои пажуҳишии худ дар риштаи нақди адабӣ ва таърихи адабиёт шӯҳрати беназир дошт. Китоби “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI” силсилаи мақолаҳои солҳои гуногун таълифкардаи адабиётшиноси маъруфро дар бар гирифтааст ва он бори аввал соли 1970, вақте устоди донишманд ҳамагӣ 33 сол дошт, чоп шуда будааст. Баъди реҳлати муаллиф бо ҳидояти Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода китоб дубора рӯи чопро дид.

Рисолаи мазкур аз муқаддима ва се боб иборат буда, ҳудудан 20 мақоларо дар бар гирифтааст. Дар боби “Мухтасаре аз таърихи

Китобҳои тозавуруди Китобхонаи миллӣ

Ба бойгонии Китобхонаи миллӣ ахиран як силсила китобҳои нав ворид шуданд. Аксари ин китобҳо тозанашр буда, аз ҷониби ноширони кишвар ва муаллифон ироа шудаанд.  “Девони ашъор”-и Ризоӣ Абдулбар, ду китоби профессор Худоӣ Шарифзода: “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI”, “Достонҳои бузурги “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, “Боқинома”, “Технологияи ғанигардонии маъданҳои металҳои ранга” (муаллифон Ш. Самиҳов ва З.Зинченко), “Взаимодействия

Китоби нав аз рӯзгори «холаи афсонагўй»

Нашриёти «Бухоро», китоби «Умре бо радио»-и муҳаққиқ, рўзноманигор ва муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзодаро аз чоп баровард. Ин китоб доир ба зиндагӣ, фаъолият ва заҳматҳои яке аз собиқадорони соҳаи радио ва театр Ҳалима Насибулина буда, саҳми ўро дар рушду нумуи кори радио бозгў мекунад.

Муҳаққиқи варзидаи журналистика профессор Иброҳим Усмонов дар пешгуфтори китоби мазкур менависад, ки «Ҳилима Насибулина ҳамчун режиссёри радио намунаҳои беҳтарин асарҳои театрҳои тоҷикро ба навори радио сабт карда, ба ин кор машҳуртарини актиёрони мамлакатро ҷалб намуд». Дар воқеъ таҳия ва сабти барномаҳои адабӣ-драмавии Радиои

Интишори китоби нав аз назариёти сиёсии Пешвои миллат

Нашриёти «Контраст»-и пойтахти кишвар китоби нави  «Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон»-ро аз чоп баровард.

Муаллифони ин китоби пурарзиш доктори илмҳои таърих, мушовири калони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар умури арвобити хориҷӣ Зафар Сайидзода, Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода, донишманду муҳаққиқи ҷавон Арафамоҳ Даминова мебошанд. 

Дар ин китоб, ки аз бобҳои «Ҷомеа»,»Давлату давлатдорӣ»,»Амният»,»Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ»,»Сиёсати хориҷӣ» ва «Маънавиёт» иборат аст,

Страницы