Намоиши китоб бахшида саду даҳсолагии Брагинский

Шуъбаи баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ ба ифтихори 110-умин солгарди олими шинохта, профессор  Иосиф Брагинский намоиши китоб баргузор кард. 
Иосиф Самуилович Брагинский шарқшиноси маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ, мунаққид ва адабиётшиноси шинохта, муаллифи даҳҳо асар дар бораи фарҳанг ва адабиёти Осиёи Марказӣ ва Эрон аст. 
Вай 18-уми июни соли 1905 дар шаҳри Киев ба дунё омадааст ва 23-уми июли соли 1989 дар шаҳри Маскав дида аз олам барбастааст. Доктори илмҳои филологӣ, аъзо-корреспонденти Акадимияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон,  узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. 
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корномаҳои ҷангиаш бо ордени Ситораи Сурх ва чандин медал қадр шудааст. 
Иосиф Брагинский аз ҷумлаи пуркортарин пажуҳишгарони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд, ки даҳҳо номгӯй китобҳояш баёнгари ин воқеъиятанд. Монографияҳои мондагори "Аз таърихи назми халқии тоҷик”, “Аз таърихи адабиёти форсу тоҷик, “Дувоздаҳ лавҳа” (дар бораи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Камоли Хуҷандӣ, Хайём, Ҷалолиддини Румӣ, Саъди, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон), “Унсурҳои эҷодиёти халқӣ дар осори хатии қадим ва асри миёна”, “Очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик”, “Масъалаҳои шарқшиносӣ”, “Аз Авесто то Айнӣ”, “Таҳқиқот оид ба фарҳанги тоҷик”, “Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ”, “Абу Абдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ” ва даҳҳо пажуҳишу садҳо мақолаҳои таҳқиқотӣ мутааллиқ ба ӯянд.