Китобдорон дар бораи Саттор Турсун бояд чиро донанд?


15-уми феврали соли равон Саттор Турсун, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва яке аз пуркортарин адибони муосири тоҷик 70-сола мешавад.  
 Саттор Турсун аз ҷумлаи пурмаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз қаламрави он низ маҳбубияти хос дорад.
Шуъбаи  илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ бо номи “САТТОР  ТУРСУН  –  СУХАНВАРИ  МУМТОЗИ  НАСР” тавсияи методӣ барои китобдорон омода кардааст.
Бо истифода аз ин дастури илмӣ кормандони китобхонаҳои кишвар метавонанд барномаҳои таҷлил аз 70-солагии адиби маъруфро тарҳрезӣ кунанд.

Дарёфти китоб: САТТОР ТУРСУН – СУХАНВАРИ МУМТОЗИ НАСР

Барчаспҳо: