Дар “Дастони моҳир” атфол табрикномаҳо сохтанд

Маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-и Китобхонаи миллӣ, ки имрӯз доир шуд, аз бачаҳо хост табрикнома омода кунанд. Мавзуъи омӯзишии шавқоваре буд. Ҳамагон мехостанд волидонашон ва баробарону хоҳарон, устодонашонро бо навиштани сухани табрикӣ ва ё сохтани як ашёи ҷолибу диданӣ шод созанд. Аввал ба онҳо тарзҳои гуногуни омода сохтани табрикномаҳоро нишон доданд ва нақл карданд, ки дар кадом рӯз модар ё падар ва кадом рӯз бародарону хоҳаронро метавонанд табрик кунанд. Дар натиҷа худи бачаҳо маҳорати худро нишон доданд. Онҳо аз коғазҳои рӯйи миз шаклҳои гуногуни табрикномаро вобаста ба дарку биниши худ сохтанд, ки хеле шавқовар буд.