Activities calendar

20 мая 2020

Саҳифаи “Мӯъмин Қаноат” дар сомонаи Китобхонаи миллӣ фаъол шуд

Сомонаи Китобхонаи миллӣ саҳифаи вижаи “Мӯъмин Қаноат”-ро ба ифтихори зодрӯзи адиби маъруф ба анҷом расонд ва ҳоло он дар фазои маҷозӣ дар гардиш аст. Ин саҳифа иборат аз сарсухан, тарҷумаи ҳол, муруре ба сори адиби номвар, мақолаву шеърҳо дар ситоиши адиб, наворҳои видеоӣ аз шоир ва пайравону шогирдон, адибон ва мухлисон, қироати ашъори шоир аз дигарон ва албатта, кулли осори шоири маҳбубро дар шакли электронӣ дар дастрасии хонадагон қарор дод.

 

Дуруд ба хонанда

Ин саҳифа марбут ба Шоири халқии Тоҷикистон, яке аз бузургтарин адибони нимаи дуюми қарни 20 ва аввали қарни 21 тоҷик устод Мӯъмин Қаноат хоҳад буд. Ин саҳифа аз тарҷумаи ҳоли адиби номвар оғоз мешавад ва баъдан ба номгӯи асарҳояш мепардозад. Сипас, ба навиштаҳо дар бораи адиб рӯ меорад. Баъдан муруре ҳам хоҳад дошт ба қироати ашъори адиб аз ҷониби мухлисон, ҳунармандон ва худи шоири барӯманд. Лаҳзаеро ҳам шумо, хонадагони азиз, бо наворҳои видеоӣ хоҳед гузаронд. Ва боз сайре ҳам дар саҳифаи суратҳои таърихӣ хоҳед дошт ва ҳар сурат порае аз рӯзгори шоири маҳбуб аст.

Тарҷумаи ҳол

Зоду бум, хонавода ва таҳсил

Мӯъмин Қаноат 20-ӯми моҳи майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дида ба ҷаҳони равшан кушодааст ва 18-ӯми моҳи майи соли 2018 онро падруд гуфтааст. Деҳаи Курговад дар фосилаи 55 км. аз маркази ноҳияи Дарвоз, дар сари шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, аз тарафи рости рӯди пуртуғёни Панҷ ҷойгир аст. Хонаи падари Мӯъмин Қаноат дар баландии соҳили чапи ҳамин рӯд, дар маҳаллаи Сари Сандалиё ҷойгир аст ва мавзеи мавлиди ӯ он ҷост.

 

РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА. ШУКЎҲИ СУХАН

Суханваро, сухане соз кун ситорашукўҳ,

 Ки ҳар сухан на ба гардун барад сухан

                                                                   Раҳии Муайирӣ

Устод Мўъмин Қаноат замоне ба арсаи адабиёт қадам ниҳод, ки таҳаввулоти бунёдӣ ва фарогире дар ҳама бахшҳои дастгоҳи бузург ва муназзами адабиёти Шўравӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик, ба таври ҳадафманд, пайгирона ва барномарезишуда дар ҳоли амалӣ шудан буд. 

ЛОИҚИ ЗАМИНӢ

Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро ба асолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳ кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ бахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣ ва осори мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бедил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирони имрӯзаи тоҷик бо осори саромадони худ ошноӣ доштанд ва гоҳ-гоҳ аз он истифода ҳам мекарданд. Лекин Лоиқ нахустин фардест аз миёни эшон, ки ҷавҳари шеъри пешиниёнро барои муосиронаш кашф намуда, суннатҳои адабии онҳоро аз нав зинда гардонид – бо пайравиҳояш,

Манижа ва Парисо. Қироати достони устод Қаноат “Суруши Сталинград"

Манижа Аминова ва Парисо Давлатова ду ноболиғе, ки ахиран аз ду гӯшаи олам порае аз достони устод Мӯъмин Қаноат  “Суруши Сталинград”-ро қироат карданд. Парисо дар як озмуне ширкат дошт ва соҳиби Шоҳҷоиза шуд. Манижа порае аз достонро замоне қироат кард, ки бо волидонаш дар Русия дар ҳоли карантин ба сар мебаранд. Манижа сарояндаи тавоно миёни наврасон аст, ки дар озмуни байналмилалии “Голос  дети”-и ТВ Русия ҳамроҳ бо 

Ашъор дар бораи устод Қаноат

Рустам ВАҲҲОБЗОДА. Шаҳодати Инсон
Ба таъзими устод Муъмин Қаноат

Нигоҳи равшани ту обшори Яздон буд,
Сукути лаҳзаи ту достону девон буд.

Силеҳи сулҳ намондӣ зи даст то дили хок,
Ҳамеша хонақаҳат арсагоҳу майдон буд.

Сурӯши минавият раъди аҳриманафкан,
Ниёишат нафаси ҷонфишони Раҳмон буд.
 

Мақолаҳо дар бораи устод Қаноат

Масъалаи таъсири шеъри русӣ ба ашъори Мӯъмин Қаноат ва адибони дигар ҳанӯз ба андозаи бояду шояд омӯхта нашудааст ва мо ҳам фақат ба баъзе ҷиҳати он дар мавриди таҳлили асарҳо ишораҳо мекунем. Мӯъмин Қаноат ёддошт медиҳад, ки адибони ба монанди Олжас Сулаймонов ва Чингиз Айтматов маро ба навиштани шеър ба забони русӣ ташвиқ менамуданд. Мегуфтанд, ки ту забони русиро хуб медонӣ ва шеъри русият якбора дар муҳити васеътаре интишор меёбад. Ин ду адиби қазоқ ва қирғиз, дар ҳақиқат, русинавис буданд ва асарҳояшонро ба ин забон менавиштанд, ҳамдиёрони қазоқӣ ва қирғизиашон баъд онҳоро ба забони қавми худ таҳвил медоданд. Мӯъмин