Activities calendar

02 марти 2020

Ҳафтод соли профессор Аслиддин Низомов

 Аз пуркортарин муҳаққиқони мусиқии тоҷик  умуман Шарқ буда, мавзўъҳои назарии мусиқӣ дар таълимоти Ибни Сино, анъанаи меросбарӣ дар санъати мақом ва мақомсароӣ, иртиботи таърихии мақомҳо ва мусиқии ҳирфавии мардуми Ғарб, диди бадеию зебоишиносӣ дар мақомҳо, мусиқӣ аз дидгоҳи аҳли тасаввуф, суннати меросбарӣ дар оҳангсозӣ, нақши мақомҳо дар ғановати мусиқии классикиро баррасӣ намудааст. Муаллифи беш аз сад мақолаи илмӣ, илмӣ- оммавӣ буда, осораш ба русӣ, англисӣ ва 

Сарсухани марҳум Аълохон Афсаҳзод ба китоби “Пандномаи Анӯшервон”

Донишманди шинохтаи тоҷик, марҳум   Аълохон  Афсаҳзод соли  2008 ҳангоми ба чоп ҳозир кардани китоби “Пандномаи Анӯшервон” дар як муқаддимаи муфассал чанд шарҳе ироа карда, ки хонандаро на танҳо бо муҳтавои китоб, балки таърихи иншо ва муаллифи он ошно мекунад. Ҳарчанд то кунун муаллифи аслии китоб дақиқан маълум нест, вале Аълохон Афсаҳзод талош кардааст ҳадсу гумонҳои пажӯҳишгаронро оварад, то хонанда тасаввуроте дар ин бора ҳам дошта бошад.Лозим донистем ин муқаддимаро бознашр кунем ва аз хонандагони навраси худ даъват намоем, ки китоби “Пандномаи

Ширкати Пешвои миллат дар интихобот

 Субҳи 1-уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Таъкид 

Моҳи апрели соли 2020

1-уми апрел

60-солагии зодрӯзи Абдусамад Муллоев (1960), доктори илми филологӣ, профессор.

75-солагии зодрӯзи Александр Овчаренко (1945), муаррих.

65-солагии зодрӯзи Манзура Ҳасанова (1955), мусиқишинос.