Activities calendar

01 октября 2019

Маҳфили “Ҳамешабаҳаор” "Ҳикоёти Бешаи палангон" – ро ба баҳс мекашад

  Маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар нишасти навбатии худ китоби навсанда Маҷид Салим “Ҳикоёти Бешаи палангон”-ро ба баҳс мекашад. Маҷид Салим аз муваффақтарин адибонест, ки дар бораи табиат, олами ҳайвоноту наботот менависанд. Ва дар ин мавзуъ чандин китобҳо ба нашр расондааст, ки “Ҳикоёти Бешаи палангон” аз зумраи тозатарин китобҳои ӯст.

Тақвими моҳ: Октябри соли 2019

1-уми октябр

65-солагии зодрӯзи Раҳмоналӣ Амиров (1954), арбоби давлатӣ.

70-солагии зодрӯзи Низомиддин Валиев (1949), меъмор.

70-солагии зодрӯзи Қурбонхон Зокирова (1949), доктори илми тиб, профессор.

Ҷомеа, давлат, сиёсати хориҷӣ, амният...

 Ниёгони мо яке аз кўҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори «пиндори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек» устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми мукаммали давлатдорию идоракунӣ, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутаммадину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабу равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёну мактабҳои гуногуни илмию фалсафиро ба мерос гузоштаанд. Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақшаи барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ, дар рушди густариши тамаддуни ҷаҳони сахми арзанда гузоштаанд.