Activities calendar

15 января 2019

Манзараҳои зимистонии “Дастони моҳир”

 Ҳар фасли сол зебогии ба худ хос дорад. Аз ҷумла зимистон низ. Ҳарчанд солҳои охир мо барфи онро пазмон мешавем, вале чун меборад, он пазмониро мебарад. Зеби зимистон барфи он аст, чунонки зеби баҳор борону гулу сабзаи он аст. Зеби зимистон бистари барфии замин аст, ки барои кӯдакону наврасон шодии беҳад меорад. Ва ин тифлонанд, ки ҳамасола омад-омади онро интизорӣ мекашанд. Вале ихтиёри табиат на дар дасти инсон аст. Мо наметавонем барфро гӯем бибору он борад ва боронро бигӯем исту он қарор гирад. Вале зимистонро ҳам мисли баҳор пазмон мешавем.

 

 

Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад...

             Сада то асрҳои Х-ХI ҳар сол ҷашн гирифта мешуд, лекин баътар, тадриҷан аз байн рафт. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст. Имрўз ҷашнҳои мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Ҷашни Сада ҳамчун ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврўз инчунин давраи ниҳолшинонӣ тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.

                                            

Шоҳҳайдар Ёдгорӣ-шоир, навсанда ва журналисти маъруф даргузашт

     Шоҳҳайдар Ёдгорӣ-адиби маъруф, журналист ва тарҷумони шинохта 11-уми январ аз олам даргузашт. Дар ин бора имрӯз рӯзноманигори тоҷик Ориф Ёдгорӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ дод. Шоҳҳайдар Ёдгорӣ соҳиби чандин китоби шеъру ҳикояҳо, тарҷумаҳо ва очерку публистистика буда, аз ҷумла қаламкашони маъруфи кишвар маҳсуб мешуд.

     Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, 20 марти соли 1942 дар деҳаи Кадучӣ, колхози «Коммунизм» (имрӯза ба номи Ғоиб Сафарзода)-и ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1950 ба мактаби миёнаи деҳа дохил шуда, онро соли 1960 бо баҳои аъло хатм кардааст.