Activities calendar

12 марти 2017

Якшанбеи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Чун расми рӯзҳои гузашта субҳи имрӯз низ ҷамъе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба коргоҳашон ҳозир шуданд, то тибқи нақшаи ҳаррӯза дар ободониву тозагии Китобхона саҳм бигиранд.
Онҳо атрофи бинои муҳташамро чорӯб заданд, хасу хасрубаҳоро бардоштанд, барои кабудизоркунии атроф корҳои дигарро анҷом доданд.
Баҳор ҳам фаро расид, то Наврӯзи оламафрӯз рӯзҳои бошумор мондаанд ва бояд корҳои ободониву сарсабзгардонӣ то Наврӯз анҷом бигиранд.