Activities calendar

11 марти 2017

Даричаи ошноӣ: Ҳаким Низомии Ганҷавӣ

Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо 12-уми март зодрӯзи Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, яке аз машҳуртарин ва маъруфтарин достонсароёни адабиёти форсу тоҷик аст.
Ҷамолиддин Абумуҳаммад Илёс бинни Юсуф бинни Закӣ бинни Муайид мутахаллис бо номи Низомӣ ва номвар ба Ҳаким Низомӣ шоир ва достонсарои порсигӯи ҳавзаи тамаддуни форсӣ дар қарни шашуми ҳиҷрӣ (дувоздаҳуми милодӣ) аст, ки ба унвони пешвои достонсароӣ дар адаби форсӣ шинохта шудааст.

Низомӣ дар зумраи гӯяндагони тавонои шеъри форсӣ аст, ки на танҳо

Экспедитсияи Ҳисор дар солҳои 1896 -1899

Русҳо водии Ҳисорро ҳанӯз охири асри ХIХ омӯхта буданд. Императори рус ҷиҳати омӯзиши ҷуғрофӣ ва сарватҳои табии ин водии зархез ҳанӯз солҳои 1896-1899 экспедитсияи вежа ташкил кардааст, ки ба он олимони саршиноси соҳа сафарбар шудаанд. Ҳеч медонед, ки як нусха китобе, ки аз натиҷаи ин экспедитсия охири қарни 19 дар Санк-Петербург нашр шуда буд, дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад?

Боз як рӯзи ободкориҳо дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз гурўҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба корҳои тозагиву ободонӣ ба саҳни бинои Китобхона ҷалб гардиданд.
Онҳо бештар вақти худро сарфи тозакунии бехи ниҳолҳо, побели қитъаҳои замин, нармсозии заминҳо карданд.
Рӯзҳои низофат дар Китобхонаи миллӣ ҳамарӯзианд ва ин ба худ ҳукми анъана гирифтааст, ки кормандон бонавбат барои ободониву тоза кардани атрофи бино талош

Нақши китоб ва китобхона дар таҳкими сулҳ ва Ваҳдати миллӣ

Бист сол мегузарад аз он рӯзе, ки дар Маскав пойдевори сулҳи тоҷикон гузошта шуд ва тӯли ин бист сол Тоҷикистон марҳила ба марҳила пояҳои Истиқлолияти худро мустаҳкам кард. Дар таҳкими ин сулҳи пойдору  Ваҳдати миллӣ китобу китобхона чӣ нақше доштанду доранд?
20 сол пеш дар шаҳри Маскав мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди