Бидон дунё саросар роз бошад...

 Вақте ба чеҳраҳои моломол аз фараҳу шодкомии ин афрод менигаред, аслан намехоҳед бовар кунед, ки онҳо маълуланд. Мисли дигарон табассум ҳамеша гирди лабонашон гул мекунад ва шояд беҳтар аз бисёриҳо зиндадилтару ба зиндагӣ умедвортаранд. Онҳо дилшикаста нестанд, ки аз модар чунин таваллуд шудаанд ва ё бар асари ҳодисае пойи равон аз даст додаанд, чашмашон нобино шудааст, гӯшашон ношунаво гаштааст. Онҳо дар ин олам олами худро доранд, ки дар фазои он парвоз мекунанд. Ин олам олами орзуҳои онҳост. Ва онҳо низ чун афроди солим оила барпо мекунанд ва фарзандони солимро ба дунё меоранд. Шояд ба қадри зиндагӣ беш аз дигарон онҳо бирасанд...

 Хонаводаеро медонам, ки падару модар лоланд. Бо имову ишора ҳарфи ҳамдигарро мешунаванд. Фарзандонашон солим ва боз чӣ фарзандоне: донишманд, бофарҳанг, баодоб.

 Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон ҳамсоли Китобхонаи миллӣ аст. Аз нахустин рӯзи ифтитоҳ ин шуъба дари худро ба рӯйи маъюбон дар ошёнаи аввали бинои боҳашамати Китобхона боз кард ва аввалин хонандагонаш низ ҳамон рӯз вориди толори хониши он шуданд. Аз оғоз гумон мерафт дар ин Шуъба ба ғайр аз чанд даста китоби брайлӣ матлаби дигаре наметавон пайдо кард. Вале ин иштибоҳ буд. Шуъба ба яке аз фаъолтарин шуъбаҳои ин боргоҳи маърифат табдил ёфт. Акнун ин ҷо на фақат китобхонӣ меоянд, балки меоянд, то гирди як миз биншинанд ва маҳфилеро барпо созанд.

Чеҳраҳои ҳунар, адаб...

 Ин Шуъба чеҳраҳоеро ҳам муаррифӣ кард. Маълум шуд, ки дар миёни маъюбон афроде низ зиёданд, ки эҷод мекунанд, тарона мехонанд, мерақсанд, шеър менависанду шеър мехонанд. Мисли ҳамаи мардум ин афрод бо қалби саршор аз меҳр дар ашъорашон Ватан мегӯянд, рӯйи модар надида, вале модарро ситоиш мекунанд, аз Душанбе берун нарафта, Тоҷикистонро азиз медонанд.

 Моҳишаъбони Ҷумъахон донишҷўи соли дуюми забони инглисии факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар бахши тарҷумонии ин факулта таҳсил мекунад ва орзу дорад, ки як тарҷумони хуб шавад.

  Вай зодаи ноҳияи зебоманзари Ховалинг буда, дар деҳаи Доробии он 15 ноябри соли 2000 дида ба олам кушодааст.   Шиораш дар зиндагӣ: «Аз ҳама кори душвори дунё бекор гаштан аст».  Худбаҳодиҳӣ ва худхоҳиро дўст намедорад. Дар вақти холигиаш бо эҷодиёт машғул мешавад.

  Ин духтараки кушодачеҳра, сухандон дар ҳама бахшҳои маҳфили “Равшандилон” фаъолона иштирок меварзад ва ҳамеша дар ҷустуҷўи навоварӣ аст, хеле кунҷков аст. Ба нобиноии худ нигоҳ накарда, ҳамеша шеър ва тарона эҷод менамояд. Ин мисраъҳо аз ӯст:

Тоҷикистон, эй кишварам.

Эй ҳастиям,ҷон модарам,

Эй миллати овозадор.

Баҳри   ту аз ҷон бигзарам.

Ҳастӣ ба ҷон баробар.

Эй миллати сулҳпарварам,

Дар дил зи хурдӣ то абад.

Меҳри туро мепарварам.

  Раҳматуллоҳи Раҳим дар дехаи Файзободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.  Раҳматуллоҳ соли 2010-ум омузишгоҳи техникии ноҳия ва баътар Муассисаи Давлатии литсей-интернати касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанберо хатм кардааст. Аҳхол донишҷӯи бахши факултети кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Точикистон ба номи М.Турсунзода мебошад. Соҳиби се маҷмуаи ашъор: «Шукри зиндагӣ» «Набзи ноҳамвор» ва «Ниёиш» мебошад. Аз соли  2013 бо дастгирии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи радиои «Садои Душанбе» ба ҳайси муҳаррир кор карда истодааст.

 Раҳматуллоҳи Раҳим соли 2018 дар филми «Фарзанди нохалаф» кисми 1-ум ва 2-юм дар нақши асосӣ бозӣ кардааст. Вай ҳамчунин муовини раиси ташкилоти ҷаъмияти маъюбони «Равонбахш»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.

  Хомисаи Аюбзод 26 сол дорад. Дар шаҳри Душанбе дида ба олам кушодааст. Соли 2016 Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ ба номи С.Айниро бо ихтисоси  муҳосиб ҳатм намудааст. Ҳанўз дар даврони донишҷўӣ шавқу ҳаваси шеъргўиву ҳикоянависӣ ба дили Хомиса ҷой гирифта буд ва шеър мегуфту чоп мекард. Аъзои лоиҳаи «Занони маъюб» мебошад.

  Китоби аввалини ў бо номи «Қисмати зиндагӣ» дар соли 2018 рўи чоп омад. Ба маъюбии худ нигоҳ накарда, ҳамеша дар пайи эҷод аст. Орзу дорад дар ҷомеа чун як адиб ҷойгоҳу мақом дошта бошад. Ва барои расидан ба ҳадафҳояш зиёд мекӯшад. Мегӯяд китоби навашро омодаи чоп мекунад. Аз ӯст, ки гуфта:

 Бидон дунё саросар роз бошад,

Гаҳе аҷому гаҳ оғоз бошад.

Ғаму шодӣ биёяд аз паси ҳам,

Дар ин меҳвар бувад чун нуқта одам.

 Мавзунҷони Ғафурзод сарнавишти талхтар аз дигарон дорад. Зодаи Панҷакенти бостонӣ буда, 6-уми марти соли 1994  ба дунё омадааст. Фарзанди ягонаи хонадон аст. Дар айни замон волидонаш тарки олам кардаанд. То синни ҳафтсолагӣ ба бемориии чашм гирифтор набуд, бинобар сабаби номусоид омадани фаслҳои сол тадриҷан мубтало ба ин беморӣ гашт ва дар натиҷаи табобати нодурусти табибон дидаи бинояшро аз даст дод.

 Аз соли 2011 ба шаҳри Душанбе омад ва дар мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор таҳсилро идома дод. Соли 2013 дар озмунҳои гуногуни “Дастони моҳир”, ки дар шаҳру навоҳӣ баргузор мегарданд, ширкат варзида, ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

 Айни ҳол, Мавзунҷони Ғафурзод дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторӣ таҳсили илм мекунад.

 Мавзунҷон ҳунари бофандагӣ, сабадбофӣ, гулсозӣ дорад,  иштирокчии фаъоли чорабиниҳои фарҳангии  консерваторияи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ мебошад.

 Ва ин рӯйхатро боз метавон идома дод, ҳунармандони маъюбе, ки аъзои Китобхонаи миллӣ мебошанд, кам нестанд.

Китобҳо, компутерҳо, маҳфилҳо

 Ҳоло Шуъба дорои 6108 адад китоб аст, ки 4332 адади он тоҷикӣ ва 1045 адади он русӣ мебошад Ҳамчунин 731 адад китобҳои чопи брайлӣ низ дар хидмати хонандагон аст.

 Дар шуъба барои ин гуруҳи хонандагон чорабиниҳои гуногуни илмӣ фарҳагӣ ва фароғатӣ аз ҷумла Рузи маъюбони Тоҷикистон, Рузи нобиноён “Асои сафед”, Рузи маъюбони ҷаҳон, маҳфилҳои доимамалкунандаи «Равшандилон», «Хандарез» ва «Ганҷи сухан» гузаронида мешавад. Дар ин маҳфилҳо бо дархости хонандагон, адибону олимон ва ҳунармандон барои аз наздик бо эҷодиёти онҳо шинос шудан даъват мегарданд. Аз ҷумла дар Рўзи Ҷавонон варзишгари маъруф, ҷоизадори бозиҳои Олимпии Лондон 2012, сардори шуъбаи варзиши Кумитаи Олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева даъват шуд, ки вохӯрӣ бо ӯ басо хотирмон буд. Нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо ва Абдулҳамид Самад, Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор ва сарояндаи маҳбуб Муҳаррама Шарипова дар як маҳфил ҳузур ёфтанд ва хотири аъзои Шуъбаро шод карданд. Мулоқот бо сарояндагон ва ҳунармандони театру кинои тоҷик Лола Азизова, Валиҷон Азизов, Моҳпайкар Ёрова, Зулфия Содиқова, Музаффар Шодиев, Сабина Шоймардонова, Абдулло Шарипов,  Қосимов Бахтиёр хотирмон буд.

 Гардонандаи маҳфили “Равшандилон”, ки моҳе як маротиба баргузор мешавад, шоири маъруф Хайрандеш аст. Ӯст, ки ҳар ҷумлаву ҳар мисраи эҷодкардаи аъзои маҳфилро таҳлил мекунад, иштибоҳашонро нишон медиҳад, аз муваффақияташон ово медиҳад. Хайрандеш ҳамеша вақт меёбад, ҳатто соатҳо бо онҳо баҳс мекунад, то бурду бохти чор мисра шеърашонро фаҳмонад. Медонад, ки дили пурорзуи ин маъюбонро хурсанд кардан, яъне чист.

 Шуъба барои хонандагони ниёзмандаш ҳафтае се маротиба дарси ройгони омӯзиши забони инглисӣ ташкил кардааст, ҳатто узвияти китобхона барои афроди маъюб ройгон аст.

 Аз 14 компутери Шуъба 6 компютер  бо барномаи “Ҷовс” барои нобиноён таъмин шуда, ба  шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд.

 Дар бораи фаъолияти ин Шуъба, ки алҳол сарварии онро мутахассис ҷавон Мавзуна Орумбекова ба уҳда дорад, ҳарфи гуфтанӣ зиёд аст. Шояд дар оянда сари ин мавзуъ баргардем ва чизе ҳоло нагуфтем, бигӯем.

Б.Шафеъ,

Ф.Ёқубова.

Матолиби дигар аз ин Шуъба ИН ҶОСТ.