декабря 2018

Рақси остин дар манотиқи гуногуни кишвар

Дар варианти рақси мастчоҳӣ саростинчаҳои дарози раққоса аз матоъҳои сурх, гулобранг ё сафеди гулдузӣ дўхта шудаанд, ки онҳо аз панҷаи даст 20 см берунтар баромадаанд. Занҳо бо чунин остинҳо таҳти навои доира ё суруд бо зарби мусиқии 6/8 мерақсанд. Остинҳоро бо як ва бо ду даст ба китф бо навбат мепартоянд, дар ин вақт пайкари зан ин ё он тараф ҳаракат мекунад. Дастҳоро ду тараф кушода, остинҳоро меафшонанд ва як остинро пеши худ ва

Бо рӯймол чӣ гуна мерақсанд?

Дар асри XX дар санъати рақсии касбӣ ва ҳаваскорӣ намудҳои гуногуни ин рақс ба вуҷуд омаданд. Дар санъати ҳаваскорӣ устодон рақси якка, дунафара ва шакли гурўҳии ин рақсро ба саҳна  гузоштанд. Дар шакли гурўҳии рақси мазкур дувоздаҳ духтар рўймолҳоро дар ду даст гирифта ба рақс мебароянд. Онҳо дастҳояшонро бо рўймол ин сў алвонҷ дода, ба пеш ҳаракат мекунанд. Раққосаҳо дар як саф истода ба ду қатор

«Забон донӣ - ҷаҳон донӣ»

Таҳти ҳамин ном дар  Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон  чорабинии фарҳангию маърифатӣ  бо Гўшаи фарҳангии Чин, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад, баргузор гардид.

Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода чорабинии фарҳангию маърифатиро  оғоз намуда, дар бораи ҳамкориҳои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: СОЗТАРОШӢ

Созҳои мусиқии нафасӣ аз чўби зардолу, тут, чормағз ва найшакар (бамбук) ва филиз созта мешаванд. Дар раванди коркарди маҳсулоти чўбӣ барои сохтани созҳои нафасӣ (най, сурнай, тутак) устоҳо бо асбобҳои одии исканҷа нуқсонҳои на он қадар мураккабро дар чўб бартараф намуда, сипас бо симарра ё дастгоҳи наҷҷорӣ дигар корҳои нафаси созро аз рўи қолаб анҷом медиҳанд.

Олами созҳои мусиқии Тоҷикистон хеле рангин буда, ҳар як сози мусиқӣ сохт, намуд, садодиҳӣ ва хусусиятҳои ба худ хосро дорост.

Пайванди ногусастании наслҳоро метавон дар ҳунари аксар устоҳои

Соҳибунвонҳо ва ҷойизадорони Тоҷикистон

Ин китоби навест, ки бо талоши Ёрмуҳаммади Сучонӣ омода шудааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост, дар бораи шахсиятҳои соҳибунвон ва ҷоизадор ҳикоят мекунад.

Тавре дар сарсухан омада, аз даврони пеш барои комёбӣ дар ин ё он ҷабҳаҳои ҳаёт одамон ба унвон ё ҷойиза сазовор мегардиданд, аз ҷумла дар артиш рутбаҳо вуҷуд дощтанд, уламои бузурги давр, шуарои номвар аз қабили «аллома», «мавлоно», «ҳаким», «хоҷа»

Барқияи шодбошии Дабири Кулли СММ Антонио Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният табрикоти хешро ба Шумо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан

Паёми сарнавиштсоз

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дастаҷамъӣ шунида шуд. Ин анъанаи солҳост, ки рӯзу соати Паём ҳамагонӣ дар як толори муҷаҳҳаз гирди ҳам меоянд ва бо таваҷҷӯҳи хос фармудаҳои Пешвои муаззамро тамошо ва мешунаванд.

Асосҳои технологияи корҳои муқовабандии дастӣ

Аз рўзе, ки китоб пайдо шуд, дар ҳаёти маънавии инсон хело нақши бузург бозидааст. Барои қадру қимати баланд доштан ва аз як насл ба насли дигар расондан китоб дар китобхонаҳо нигоҳ дошта мешавад. Захираи китобхонаҳо моликияти давлатӣ ва ё худ ҷаъиятӣ буда, ҳар китоб қатъи назар аз ҳаҷм, мазмуну нарх гаронбаҳост. Аз ҳамин ҷиҳат доду гирифт ва муносибат ба китоб эҳтиёткорию ғамхории хосро аз ҳар корманди

“Чеҳраҳои дурахшони тиб, фарҳанг ва ҳунари тоҷик”

Чунин ном дорад китоби нави Ҷурабой Раҷабов, ки ахиииррран аз чоп баромад. Муаллиф кўшиш ба харҷ додаст, ки чеҳраҳои дурахшони тиб, фарҳанг ва ҳунари кишварро манзури хонандагон гардонад ва кору фаъолияти онҳоро инъикосу равшан созад. Зеро онҳо монанди дигар шахсиятҳои намоёни соҳаҳои мухталифи кишвар дар рушду пешрафти соҳа саҳми муносиби худро  гузоштаанду барои баланд гардидани сатҳи фарҳангию маърифатӣ ва солимгардонии мардуми кишвар ҳиссагузор буда, ба тарбияи насли навраси соҳаҳои тиб , фарҳанг ва ҳунар мусоидат мекунанд.
Муаллиф  дар китоби худ, оиди  ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои

Оташаки гумроҳ

Китобест аз нависандаи суннатгарову анъанапарасти Ҷопон, тарафдори урфу одатҳои миллӣ Тэтсуо Миура. Адиби маъруф масъалаҳои муҳими рўз, ки тамоми аҳли Ҷопони даҳсолаи охири асри гузаштаро ба ташвиш оварда буданд, ба миён мегузорад. Оқибатҳои талхи ҷанги дуюми ҷаҳон, аз байн рафтан ё паст шудани деҳоти патриархалӣ, танҳоии одам дар олами сармоя ва ғайра мавзуъҳои асосии новеллаҳои ў ба шумор мераванд.

Эҷоди нависандаи закӣ ва хушзавқи ҷопонӣ воқеӣ буда, мағз андар мағзи он омехтаи фикру андешаҳои инсондўстию одампарастӣ мебошад. Хусусияти нотакрор ё фарқкунандаи

“Бемориҳои кӯдакона” дар Китобхонаи миллӣ

Китоби донишманди маъруфи тоҷик Барот Ҳайдаров “Бемориҳои кӯдакона” дар Китобхонаи миллӣ дастраси хонандагон шуд. Он китоби дарсӣ буда, таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, ватанӣ ва шахсии муаллифро оиди омўхтани бемориҳои кўдакона инъикос менамояд.

Дар он аз нуқтаи назари замонавӣ сабаб, патогенез, патоморфология, клиника, ташхис, ташхиси тафриқавӣ, оризаҳо, табобат, оқибатҳо диспансеризатсия ва пешгирии ҳар як бемориҳои алоҳидаи нозологии кўдакон, аз ҷумла намудҳои фавқуллодаи онҳо пешниҳод шудаанд. Дар китоб хусусан ба саволҳои ташхиси саривақтӣ ва табобати ҳозиразамонаи бемориҳои кўдакона бо назардошти комёбиҳои

Дар Китобхонаи миллӣ ”Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” муаррифӣ шуд

Қабл аз зӯҳри имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Чингиз Айтматов, “Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” (Арӯси абадӣ) баргузор шуд. Китобро нашриёти “Адиб” дар тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат нашр кардааст.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор, Абдусалом Мирализода дар расми

Шеъри Мавзунҷон ғолиби маҳфили навбатии “Равшандилон”

Баъд аз зуҳри  25-уми декабр дар Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати ҳудудан 15 нафар аъзои доимии Китобхона аз ҷумлаи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд маҳфили навбатии  «Равшандилон»  доир гардид. Дар қисмати аввали маҳфил аъзоёни фаъоли шуъба чистону зарбулмасалхонӣ намуданд.

Қисмати дуюм бошад бошад шеърҳои тозаэҷоди иштирокчиён шунида шуд. Дар ин миён шеъри

Ду рӯз бад аз Паём. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чӣ дод?

Воқеан ҳам боиси ифтихор аст, ки бо ибтикор ва афкори неку хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади рушду пешрафти давлату миллат, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, бо хотири муаррифӣ намудани миллати тоҷик, фарҳанги тоҷикона, санъат, таърих, ҳунарҳои омма, умуман муаррифии мероси пурғановати ниёгони тоҷик, соли 2018-ро ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

«Ганҷина»-и дастхатҳои Шарқ бо ҳудудан 2500 китоби нав ғанӣ шудааст

Соли равон кормандони Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир   2500 нусха китобро коркард намуда, 860 адад адабиёте, ки соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегиранд, ба фонди шуъба ворид намуданд. Ҳамчунин дар давоми соли 2018, аз миёни дастхатҳо ва китобҳои чопи сангии аз ҷониби аҳолӣ пешниҳод шуда, 18 адади онҳоро, ки аҳамияти муҳими илмӣ ва таърихӣ доштанд, харидорӣ намуданд.  

Муаррифии китоби тозанашри Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ

29 декабри соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Нақши Иттифоқҳои касаба дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии китоби тозанашри «Уфуқҳои истиқлол» бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон суҳбати «мизи гирд» баргузор гардид. Дар доираи ҳамоиши мазкур нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат ва китоби тозанашри

Гулрухсор, Камол Насрулло ва Гурез Сафар ғолибони озмуни «Китоби сол-2018»

Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид. Бино ба гузориши АМИТ «Ховар» озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо баргузор карда шуд. Дар оғози барнома муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар озмун табрик намуда, иброз дошт, ки мақсад аз

хатари терроризм дар олам

“Раванди рўй  додани амалётҳои терористӣ дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI нишон медиҳад, ки ягон давлати абарқудрати  дунё дар танҳои  аз ўҳдаи  бартараф кардани хатари терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир баромада наметавонад. Зеро амалётҳои террористии дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Россия рўйдода  нишон медиҳанд, ки терроризм торафт бештар хусусияти байналмилалӣ

СОЛИ НАВ МУБОРАК БОД!

Ҳамдиёрони азиз,
Дўстдорони китоб,
Муштариёни ҳамешагии Китобхонаи миллӣ!

Фарорасии Соли нави 2019-ро аз номи роҳбарият ва ҳайати кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри шумоён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд, фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат ва соли саршор аз дастовардҳои беназир таманно менамоям!

Соли нави бехатар: Кадом қоидаҳои бехатариро бояд дар шабҳо ва рӯзҳои таҷлили Соли нав бояд риоя кард?

Соатҳое баъд Соли Нав медарояд ва мардуми шарифи кишвар бо соли куҳан хайрбод мегӯянд. Маъмулан ҳар сол истиқболи соли нав аз ҷониби сокинон бо шӯру шар ва гарм истиқбол мешавад. Имсол низ мо ин саҳнаҳоро аз ҳоло мебинему мушоҳида мекунем.  Аммо ҳар ҷашну маросим қоидаҳое дорад, ки риояи онҳо танзими амнияту бехатарист. Мо бояд бо соли куҳан тавре хайрбод гӯему аз соли нав тавре истиқбол кунем, ки хотирмон бошад.