ноября 2018

Таътили тирамоҳӣ хонандагони мактабҳоро ба Китобхонаи миллӣ овард

Эълони таътили тирамоҳӣ барои муҳассилини мактабҳои миёна онҳоро ба толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ овард. Зарфи шаш рӯзи аввали таътил ба ин толори хониш 991 нафар ташриф оварданд, ки бештар аз 150 тани онҳо нав аъзои китобхона шуда буданд.

Имсол бори аввал баъди солиёни зиёд таътилҳои тирамоҳиву баҳорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз сар гирифта шуданд. Ва аввалин таътили тирамоҳӣ

Абдулманнони Насриддин – мактабдори матншиносӣ

“Ба Абдулманнони Насруддин муяссар гардид, ки дар Донишгоҳи Хуҷанд мактаби илмии худ, ҳавзаи илмии худро ба вуҷуд биёрад ва аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод як силсила шогирдони сазоворро ба воя расонад. Ман бо аксарияти онҳо ва корҳояшон ба шарофати устоди бузургворашон шинос ҳастам. Дар маҷлиси дифои рисолаҳои илмии баъзеашон ба сифати муқарризи расмӣ иштирок доштам. Аз ин рў бо имони комил гуфта метавонам, ки онҳо мактаби илмии устоди зиндаёдашонро гардон нигоҳ хоҳанд дошт”.

Абдунабӣ Сатторзода,

Анҷоми як давраи омӯзишии семоҳа дар Ҳинд

Як давраи омӯзишии АЙТЕК (ITEC), ки намояндагони 18 давлати ҷаҳонро дар Ҳинд ҷамъ оварда буд, ахиран ба анҷом расид. Бино ба иттилои Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абубакр Аминов, ки дар ин омӯзиш иштирок дошт, мавзуъи таҳқиқот оид ба қувваи корӣ, ҷаҳон, сиёсат, иқтисод, фарҳангро баррасӣ мекард ва он аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Ҳинд таҳия шуда буд.

Ин давраи омӯзишӣ аз 28-уми августи соли равон шуруъ шудааст ва 23 – уми октябр ба анҷом расидааст ва дар он аз

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ТАНЎРСОЗӢ

Танўр аз се қисм иборат аст. Қисми аввалро «тахтаи аввал» меноманд, ки дарозиаш 3 м ва бараш 35-40 см мешавад. Тахтаи аввалро баъд аз тунук кардан ва дарозшакл намудан, нўгҳояшро ба ҳам оварда мепайванданд. Пас аз 4-5 соат, ки он каме сахт шуд, деворҳояшро бо асбоби ғундак ва аз берун ба даст мекўбанд, то ки мустаҳкаму ҳамвор гардад. Сипас қисм ё тахтаи дуюмро ба ҳамин тарз тайёр карда, аз боло ба тахтаи якум пайванд месозанд. Тахтаи дуюм андаке қонусшакл

Саҳлангории ноширон дар супурдани нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ

Мутобиқ ба маълумотҳои оморӣ дар дар 9 моҳи сипаришудаи соли 2018 аз ҷониби нашриётҳои ”Дониш”, “Ирфон”, ”Маориф” ва чопхонаҳои дигар ба теъдоди 2544 (776-номгуй) китоб ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2017  1076 нусха камтар мебошад. Бархе аз нашриётҳо ба монанди  ”Эр-граф”, ”Адиб”, ”Нашриёти бачагона” ва нашриётҳои хусусӣ дар иҷрои талаботҳои қонуни мазкур масъулият ҳис наменамоянд.

Соли рушди саёҳи ва ҳунарҳои мардуми: МАВРИГӢ

Дастаи мавригихонҳо дар ҷашнҳои оилавӣ, хатнасур, тӯйи арӯсӣ, бозору чойхонаҳо ва идҳову хурсандиҳои дигар ҳунарнамоӣ мекарданд. Анъанаи мавригихонӣ ҳоло ҳам дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва қисман дар шаклҳои тағйирёфта дар Панҷакенту Хуҷанд ва Хисору Шаҳринав маъмул аст.

Мавригӣ, мавригихонӣ, силсилаи суруду таронаҳои халқӣ, ки мазмунҳои лирикӣ дошта, қисман бо

Конститутсия - бахтномаи миллат

Имрӯз соати 10:00 дар ошёнаи сеюм,  бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудавар таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” доир гардид. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор, доктори илмҳои педагогӣ Мирализода Абдусалом Мустафо мизи мудавварро ифтитоҳ

Озмуни математикаи зеҳнӣ ҷамъбаст шуд

Субҳи имрӯз  Олимпиада оид ба математикаи зеҳнӣ, ки бо ташаббуси Маркази байналмилалию омӯзишии “Шенмо” дар ҳамкорӣ бо маркази Конфутсий дар Гӯшаи фарҳангии Чини Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЧАРМГАРӢ

Чармро дар шароити имрўза устоҳои мардумӣ чунин тайёр мекунанд: Пўсти гови калонро аввал дар об як-ду рўз тар мекунанд, сипас тарафи дарунии пўстро дар болои тахтаи тарош гузошта, бо дос тарошида тоза менамоянд. Дар бушкаҳои 200-литра, ки он сангоб ном дошта, дар замин гўр карда мешавад, 20-30 литр оҳакоб рехта, пўстро дар он андохта, аз болояш 20-литри дигар об мерезанд ва ба он маҳлули натрийро  илова мекунанд. Сангобро барои он дар замин гўр мекунанд, ки аз даҳони бушка гирифтани пўсти тари вазнин осонтар шавад.

Одамон аз давраҳои қадим ба либосҳои пурдошту мустаҳкам эҳтиёҷ доштанд. Онҳо дар аввал аз пўсти ҷонварони хонагию ваҳшӣ ба худ либосҳо ва пояфзорҳо тайёр мекарданд. Бо гузашти асрҳо коркарди пўст ва

Абўрайҳони Берунӣ ва “Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит- танҷим”-и ў

Абўрай  ҳони Берунӣ дар таърихи тамаддуни инсоният мақоми хосе ишғол кардааст. Ў монанди Абўнасри Форобӣ ва Абўалӣ ибни Сино аломаи замони худ буд. Математика ва астрономия, география ва геодезия, геология ва минерология, илмҳои тиб, таърих ва филология, таърихи дин ва фалсафа, хуллас ягон соҳаи илму маърифати замонаш аз назари ў дур наафтодааст.

80 соли муҳаққиқи олиназар Амиряздон Алимардонов

Таҳқиқоту мақолаҳои Амиряздон Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон ва нусхаҳои нодиру пурарзиши он дар маҷаллаю маҷмўаҳои мақолаҳои гуногуни Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Руссия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Итолияву Фаронса чоп шудаанд.

Амрияздон Алимардонов дуюми ноябри соли 1938 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори

Боздиди Сафири Озарбойҷон аз Китобхонаи миллӣ

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода  Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Мамедзадеро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо ба омодагии худ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи китобу китобдорӣ таъкид намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории