августа 2018

Бо ҷавонтарин хонандаҳои Китобхона

Ҷавонтарин хонандагони Китобхона. Меҳмонони имрӯз ва рӯзҳои гузаштаву оянда. Чеҳраҳои зебо, нигоҳи кунҷковона ва таваҷҷӯҳашон ба китоб касро ба ояндаи миллат дилгарм мекннад. Инҳо ҳамарӯза меоянд ва дар толори кӯдакону наврасон китоб мехонанд. Хурдакакон расм тамошо мекунанд, бо ёрии мураббиён маънову мафҳуми суратҳоро мефаҳманд ва иддае талош мекунанд бихонанд.

Дар базму рамзи зиндагӣ як духтари танҳо манам...

Сеюмин маҷмуаи шеърҳои Саидаи Зайдулло бо номи «Меҳроби  ғазал» ба дасти хонанда расид. Баъди «Паймонаи  меҳр» ва  «Накҳати  бўстони  ҷавонӣ» ин  севумин  маҷмўаи  шоираи ҷавон аст.

Саидаи  Зайдулло  номзади  илми  филология  адабиётшинос, дар  шаҳри   Душанбе дар оилаи омўзгор ба дунё  омадааст. Падараш  Зайдулло  Зикаев  мурабии гуштини  тарзи «Дзюдо» буда,  модараш  Сайлӣ  дўзанда аст.  Соли  1999  мактаби таҳсилоти  миёнаи умумии  рақами 11 – шаҳри  Душанбе, факултаи  филологияи  тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин  Айниро  хатм  какрдааст.

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Ёддошти ҳаким Абӯалӣ ибни Сино:Вакте ки ба китобхона дохил шудам, ҳавлие дидам  бисёр васеъ ва     калон, ки дорои хонаҳои зиёде буд. Дар хар хона сандукҳои пур аз китоб меистоданд, ки китобҳоро бо назму тартиб дар онҳо чинда буданд. Яке аз хонаҳои махсуси  китобҳои арабӣ ва шеър, дигаре оид ба фиқҳ ва хамчунин хар як хона ба китобҳои ҷудогона хос буд. Феҳристи китобҳои гузаштагонро мутолиа мекардам

Хурдтаракони «Гулистон» дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имруз як гурӯҳ хурдтаракони боғчаи “Гулистон” шуъбаи кудакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Як нафар мутасаддии шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ҳамчун роҳбалади саёҳат маҳсуб меёфт, сараввал кӯдаконро аз бахши бақайдгирӣ ошно намуд. Баъдан хурдтаракон ҷониби шуъбаи кудакон ва

Боз як рӯзи покиву низофат ва ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Чун одати ҳамешагӣ шанбеи гузашта низ дар Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат буд. Аз сари субҳ кормандон ба коргоҳ ҳозир шуданд, то дар ободониву гулкории он саҳм гиранд.

Онҳо бехи гулҳову дарахтонро аз баргҳои рехтаву хазоншуда, хасрӯбаҳо, алафҳои бегона тоза карданд. Атрофи гулҳои зеборо, ки зарфи ин як ҳафта алафҳои наврустаи бегона иҳота карда

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: НАЙ

Робитаҳои маданӣ бо Чин аз асри 3 то милод сар шуда, вале мусиқии осиёимиёнагӣ дар он ҷо махсусан дар асри 6 милодӣ бештар равнақ ёфт. Дар дарбори шоҳони чинӣ ҳафт шуъбаи мусиқӣ таъсис гардид, ки шуъбаҳои бухорӣ ( Анго) ва самарқандӣ (Канго) аз ҷумлаи онҳо буданд. Дар шумори созҳои самарқандию бухорӣ пипа (уд), кунҳоу (ҷанги амудӣ), хенди (найи уфуқӣ), сяо (найи амудӣ), били (сурнай), хэгу (нақора), тунба (ҷалб) ва

Рўдакии мусиқии Шарқ

Борбад дар таърихи мусиқии мардумони  эронинажод баробари сароянда, навозанда, оҳангсоз ва шоири сурудсаро эътибори бузург доштан, инчунин ба сифати мусиқидони номвар дар тартибу танзим додани пояҳои назарии он хизмати нотакроре кардааст.  Силсилаи «Хусравонӣ»-и ў аз анвои мусиқии устодона шаҳодат дода ва ин таснифоташ таҳаввулоти бузурги эҷодӣ ва иҷрокунандагиро асос гузошта, муҳимтаринаш он аст, ки ном ва тавсифи аксари таснифоташ дар осори илмӣ-адабӣ, таърихӣ ва мусиқӣ сурат гирифта, инчунин бетағир дар мусиқии мардумони эронинажод, ғайриэронӣ барҷо мондааст.

Борбад (тақрибан 585-89, Нисо, Марв 628-38 Тайсафун, Марв), сароянда,

Намоиши китоб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Шуъбаи таблиғ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар аз 30 китобро дар мавзуъи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошт. Ин иқдом ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида мешавад, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.
Хонандагон имкон доранд бо китобҳои дар ин