июля 2018

Бозгашти Тоҷикистон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ

Ин чӣ шўрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.

Ҳофизи бузургвор, ки озурдагию эътирозу инзиҷори худро аз риёю фитнаю шар, ки бар авзои пурҷаҳолату торики асримиёнагии рўзгораш ҳоким буд, бад-ин гуна иброз доштааст, оё метавонист биандешад, ки пас аз гузашти беш аз ҳафт садсола пас аз сари ў «аҳволи ҷаҳон, балки гетӣ як сар» тағйир нахоҳад кард, балки печидатар хоҳад шуд?!

Шанбеи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Покксозиҳои навбатӣ: бояд саҳни Китобхонаи миллӣ аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза бошад. Бояд монеъае барои рушди сабзи атрофи Китобхона набошад. Чунин аст ҳадафи асалии тозакориҳое, ки ҳар ҳафта дар Китобхонаи миллӣ мегузаранд.

Кормандон гоҳ дафтарҳои корииро ба низом медароранд ва гоҳи дигар атрофро аз ҳама гуна хасу харӯбаҳо пок месозанд. Рӯзи шанбеи

Бузургонро бузургон зинда медоранд

Дафъаи дуюм боз ҳам дар оҳиста кушода шуд ва устод аз дар ба дарун қадам монданд. Якбора, чуноне ки тундари баҳорӣ осмони оромро метарконад, толор аз қарсаки мардум "таркид". Раёсатнишинон устодро, ки диданд, якбора аз ҷой ҷастанд, ба кафкӯбӣ ҳамроҳ шуданд. Қарсак то рафт сахттар мешуд. Ниҳоят устод Осимӣ аз суфаи раёсат поён омада, дасти Ғафуровро гирифтанд ва оҳиста - оҳиста ба курсии раисии раёсат бароварда нишонданд. Ғафуров бо сари хам менишаст. Ба гумонам ҳанӯз эҳсос накарда буд, ки дар толор чӣ мегузарад. Як лаҳза ба сӯи толор нигоҳ карданд, ки ҳама истода ба як зарб кафкӯбиҳои сахт мекарданд. Устод бемадорона аз ҷой хестанд, даст болои сина гузоштанд ва ба сӯи толор сар хам карданд. Кафкӯбӣ шиддати тоза

Маъюбон ва хизматрасонии библиографӣ ба онҳо

Дар Китобхонаи миллӣ аз аввалин рӯзи фаъолияташ ин тавр набуда, ки шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд фаромӯш шуда бошанд. Дар сохтори Китобхона шуъбае бо номи хизматрасонии махсус амал мекунад, ки ба ин гуна шахсон хизмат мерасонад. Теъдоди китобҳои он 5442 адад буда, 634 адади он китобҳои брайлӣ мебошанд. Дар айни замон ин шуъба ба 674 нафар хонандагони доимиаш хизмат мерасонад.

Устоди ғамхори ҷавонон. Шиносоии аввалин бо Фазлиддин Муҳаммадиев

Ту ҳам мисли ҳамин духтарак як навишта бин.

Вай баланд-баланд хандида аз ҷой хест:

— Чӣ? Ман ҷиннӣ нашудаам.

Устод завқкунон китфонашонро ларзонида, хандаи беовоз намуданд. Ба назарам ба соддагию нодонии вай афсӯс мехӯрданд, ки ҳатто аз чашмонашон об баромад.

— Чӣ механдед? – норозӣ шуд духтар, ки касе номашро намегирифт, ки ман фаҳмам.

Маҳфили «Дастони моҳир: Бум дар тасаввури кӯдакон

Бум чӣ парандаест? Суоле буд, ки дар маҳфили навбатии  «Дастони моҳир» аз ширкаткунандагон пурсида шуд. Ва посухҳо гуногун буданд. Маълум гардид, ки на ҳама дар бораи ин парандаи аҷоиб маълумоти кофӣ доранд. Ба мураббӣ зарур омад дар бораи он аввал қисса кунад ва сипас аз иштирокдорон бихоҳад, ки расми ин парандаро аз диди хуб рӯи коғаз оранд ва ё бисозанд.

Пас чӣ парандаест бум? Бум паррандаест сохибчанголи

Собиқадорони мо: Савриниссо Саидова

Исми Савриниссо Саидова барои аксари касоне, ки собиқаи тӯлонии кор дар Китобхонаи миллӣ доранд, ошност. Ҳамсари маҳбубтарин ҳунармандони кишвар, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳум Ато Муҳаммадҷонов, шахсе, ки бештар аз 30 соли умри пурбаракаташро дар китобхона сарф кардааст, муррабии даҳҳо ҷавонон буду ҳаст. Имрӯз бознишаста аст ва ҳамеша дар ёду хотири ҳамкор мебошад.

Мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон

Cубҳи имрӯз Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом  Мирализода  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро   ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо ба омодагии худ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи китобу китобдорӣ таъкид намуданд.

«Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...»

Чунин ном дошт чорабинии Шӯъбаи хизматрасонии махсус, ки баъди зӯҳри дирӯз, 3-уми июл дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор гардид. Дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 8-уми июл Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад ва чорабинии фарҳангии “Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...” ба истиқболи ҳамин рӯз доир гардид.

Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи

Хатми ду давраи омӯзишии дигар барои кормандони Китобхонаи миллӣ

Боз 43 нафар хатмкунандагони ду давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ соҳиби шаҳодатномаҳои тахассусӣ шуданд. Ин ду омӯзиш аз моҳи феврали соли равон оғоз шуда буд ва охири моҳи июн ба анҷом расид.

Дар Маркази такмили ихтисос бо иштироки кормандони Китобхонаи миллии  Тоҷикистон ду курси бозомўзӣ: «Асосҳои лоиҳасозӣ» (шурӯъ аз 6 феврали соли равон) ва «Феҳристнигорӣ» (оғоз аз

Июли соли 2018

1 июл

  • 65- солагии зодрўзи Насибҷон Амонӣ (1953), журналист.
  • 75- солагии зодрўзи Абдукарим  Зарифзода (1943), олими соҳаи физика.
  • 60- солагии зодрўзи Абўбакр Зубайдов  (1958), сароянда, мутриб, мусиқишинос.
  • 95 - солагии зодрўзи Омина Қаҳҳорова (1923-1993), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 85 - солагии зодрўзи Рустами Маҳкам (1933), шоир.
  • 80 - солагии зодрўзи Мухтор Мирзоев (1938), журналист.
  • 105- солагии зодрўзи Маҳмуд Тулқун (1913-1983), шоири ўзбекзабони Тоҷикистон.

Маҳфили Ҳамешабаҳор бо ширкати Ҷамолиддин Саидзода

Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” дар боги ба номи устод Рӯдакӣ, бо ширкати садҳо нафар ҳаводорони шеъру мусиқӣ ва савту калом доир гардид. “Ҳамешабаҳор” маҳфиле аз маҳфилҳои адабии Китобхонаи миллӣ аст, ки аз ҷониби шоири шинохта Хайрандеш барномарезӣ ва баргузор мешавад.

Ин бор донишманди маъруф Ҷамолиддин Сайидзода ва дастаи ҳунарии “Сипар” бо ҳузури худ базми шеъру