апреля 2018

Тафреҳ: Ғазали ноб Хоҷа Ҳофиз

Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад,
Ки дар дастат яке соғар набошад.

Замони хушдилӣ дарёбу дур ёб,
Ки доим дар садаф гавҳар набошад.

Ғанимат дону май хӯр дар гулистон,
Ки гул то ҳафтаи дигар набошад.

Аё пурлаъл карда ҷоми заррин,
Бубахшо бар касе, к-аш зар набошад.

Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: БОЗИҲОИ МАРДУМӢ

Баъзе  бозиҳои миллӣ ва халқӣ намоишианд, ки аз замонҳои қадим то имрӯз  дар байни мардуми тоҷик роиҷ буда, аз ҷониби ҳунармандон, масхарабозон ва ширинкорони халқӣ дар маъракаҳо, маҳфилҳо ва ҷашну идҳо ҳамчун драмаи халқиӣ иҷро карда мешуданд. Бозиҳои Дорбозӣ, Масхарабозӣ,  Қофиябозӣ (Аския), Барфӣ, Аҷинабозӣ, Албастибозӣ, Девбозӣ, Шайтонбозӣ, Гургбозӣ, Юрмонбозӣ, Суғурбозӣ, Ҷайрабозӣ, Уқоббозӣ

Таърихи пайдоиши коғаз ва намудҳои он

Таърихи коғаз ҳам ба мисли дигар масолеҳи хаттӣ тўлонист. Истеҳсоли он ҳама масолеҳи пешинаро ба танг оварда ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Таҳқиқотчии рус Н.П. Лихачёв навиштааст, ки «аз рўи ривоятҳои интишоршуда коғаз садаи II- уми мелодӣ аз ҷониби ихтироъкори чинӣ  Чай – Лун ба вуҷуд оварда шудааст». Инро солноманависони Чинӣ ба асос гирифтаанд. Вале гуфтаҳои онҳо ба якдигар начандон алоқа доранд. Зеро ба ривояти яке соли 95, дигаре соли 105, сеюмӣ соли 153-и милодӣ мебошад. Байни ин солҳо 60 сол фарқ ҳаст. Инчунин яке аз он солноманависон навиштааст: «Чай – Лун соли 105 ба императори Чин тарзи омода намудани коғазро аз зағирпоя, канаб, пўсти дарахти лиф, латтапора,

Апрели соли 2018

1-уми апрел

60-солагии зодрўзи Гулбегим Ватанбекова (1958), олимаи соҳаи тиб.

85-солагии зодрўзи Александр Войченко (1933), олими соҳаи педагогика, профессор.

60-солагии зодрўзи Дўстмуҳаммади Дўст (1958), муаррих.

60-солагии зодрўзи Шариф Комилзода (1958), олими соҳаи педагогика, китобшинос.

Рӯзи ҷаҳонии китоб: Нигоҳе ба имрӯзи китоби кӯдак дар кишвар

Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳони таърихи 2-юми апрелро чун Рӯзи байналмилалии китоби кӯдак ҷашн мегиранд. Ҷашни мазкур ба ифтихори  рўзи  таваллуди Ҳанс Кристиан Андерсен, даромнависи  даниягӣ,  рабт мегирад.  Таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн ё худ  Рӯзи байналмилалии китоби кӯдак дар соли 1967 аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратӣ Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (IBBY) таъсис дода шудааст.

Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии иктоби кӯдак Рузи дарҳои боз баргузор гардид.  Дарҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале имрӯз рӯзи хоса буд, рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ буд, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоштанд. Рӯзи дарҳои боз бештар барои онҳо буд.

Аз таърихи Наврӯз

Таҷлили Наврӯз дар сар то сари кишвар ҳамоно идома дорад. Шояд ин ягона ҷашнворае бошад, ки аз таҷлили такрор ба такрор касе хаста намешавад. Ин ҷашни баҳору сарсабзӣ, ҷашни ободиву озодагӣ. Ҷашнест, ки ниёконамон ба мо мерос гузоштаанд ва бо гузашти садсолаҳо он ҳамоно ҷавон мондааст. Ва таърихаш низ ба такрор хонданиву шуниданист.
Наврӯз, соли нав, сари сол, қадимтарин ҷашни

Ҳамдилӣ бодо муборак, дӯстон!

Баҳори имсол пайғоми дӯстӣ овард. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар китоби равобит миёни ду кишвари ҳамсоя саҳфаҳои тоза боз кард. Сардии муносибатҳоро об кард, дар дили садҳо ҳазор сокинони ду кишвар шӯълаи умедро фурӯзон намуд. Марзҳо боз мешаванд, рафтумад озод, тиҷорат озод мешавад.

Ҳангоми мутолиаи рӯзномаи «Оила» чашмам ба