марти 2018

Рӯзи низофату покӣ дар Китобхонаи миллӣ

Аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату покӣ буд. Кормандон гирду атрофи биноро тоза карданд, бехи гулҳо ва дарахтонро нарм намуданд. Ҷӯйборҳоро аз хасу хасрӯбаҳо тоза карданд.

Саҳни бинои Китобхона сарсабз шуда ва дарахтони нав шинондашудаи сӯзанбаргу ороишӣ ва гулҳои тару тоза ба ҳусни он ҳусни тоза зам кардаанд.

«Бухорои шариф» - сароғози матбуоти тоҷик

«Бухорои Шариф» аввалин  нашрияе мебошад, ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Ин рўзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард. Баъди нашри шумораи 153-юмаш, 2-юми январи соли 1913 баста шуд. Вале дар ин муддати кўтоҳ, тавре муҳаққиқон зикр кардаанд, тавонист, ки дар фазои торики Аморати Бухоро афкору андешаҳои тозаи маорифпарваронаро миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад ва ҳадафҳои таъсису фаъолияташро, ки босаводу соҳибмаърифат, забондону адабиётдўст ва худшиносу

“Дастони моҳир” ва Рӯзи модар: Атфол дар бораи ин рӯз чӣ медонанд?

 

Рӯзи модар ва тифлон. Онҳо дар ин бора чӣ медонанд? Ин суоле буд, ки дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” ба хонандагони навраси толори хониши кӯдакону наврасон дар миён гузошта шуд.

Даҳ моҳи бемодарӣ...

Даҳ моҳ аст, ки бемодарам. Ва имрӯз, ки зодрӯз дорам, беихтиёр ёди модар кардам. Аслан ёди модар на якрӯзиву дурӯзист. Муддати ин даҳ моҳ, ки вуҷудашро, сояашро намебинам, ҳарфашро намешунавам, садояш ба гӯшам намерасад, мисли он ки чизе гум кардаму ҳеч намеёбам. Оре, ин модар будааст он ганҷе, ки инсон гум кардаву дигар ҳаргиз намёбад. Ман ҳам ин даҳ моҳ ганҷ гум кардам ва меҷӯяму намеёбам.

Имрӯз зодрӯзам аст, зодрӯзе, ки тӯли 27 сол бо модар ҷашн мегирифтем. На ман, балки ӯ талош мекард бо баҳонаи ҳамин зодрӯз гирди як дастурхони хоксорона ороёфта бо ҳам биншинем. Солҳои

Модар-олиҳаи зиндагист

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нўш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват  аз борон,  шукўҳ  аз  осмон,  борандагӣ  аз  абр, равшанӣ аз  субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро  қатра-қатра ҷамъ оварду зан  офарид, то ҷаҳонро равшвну мунавар гардонаду  инсониятро хушбахт.

Модар шахси муқаддас аст. Вақте  ки симои ў пеши назар меояд,  аз чашмони  ў, балки аз

Гуфтори бузургон дар васфи зан – модар

Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: РАҒЗАБОФӢ

Аз матои рағза бештар чакман медўзанд ва он яке аз афзори болопўши чўпонҳо ба шумор меравад, чунки барфу боронро аз худ намегузаронад. Дар Варзоб занҳо дар дукони заминӣ рағзаҳои нисбатан дурушт мебофтанд, ки он барои пайтоба истифода мешуд. Дар деҳаҳои Дарвоз аз матои рағза шалворҳои ғафси пашмин тайёр мекарданд, ки он «шорағза» ном дошт ва барои иҷрои корҳои вазнин дар фасли зимистон, инчунин барои човандозҳо дар мусобиқаи бузкашӣ хеле мувофиқ буд.

Рағза матои дурушти пашминиест, ки риштааш аз пашми

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: КОШИНКОРӢ

Ҳунармандон барои мустаҳкам намудани гилмоя, мӯй, намакхок ҳамроҳ мекарданд. Онҳо гилмояи тайёрро ба қолабҳо рехта, сипас онро дар хумдонҳои яктарафа ё дутарафа гузошта, дар ҳарорати хеле баланд мепухтанд. Баъд аз пухта шудан, ба рӯйи порчаҳои  сафол  сир медавонданд. Сирро аз алафҳои чилбанд (чилбуғум) чоройна ва рангҳои минералӣ аз қабили оксиди мис, манган, оҳан, кобалти дар ишқор ҳалшуда тайёр мекарданд. Ҳунармандони кошисоз агар мехостанд ба кошиҳо сир давонанд, ду се маротиба дар оташ мепухтанд.

Он гуна ки аз таърих медонем, миллати тоҷик аз замонҳои қадим бо

Сӯҳбати гулҳо дар остонаи Рӯзи модар

Рӯзи Модар ва базми гулҳо. Анъанаи дерин дар Китобхонаи миллӣ. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи модар таҳти унвони “Дар сӯҳбати гулҳо” дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз суханварону ҳунармандон аз зумраи бонувон чорабинии фарҳангӣ баргузор мешавад.

Субҳи имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  чорабинии  фарҳангии  идона

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: Тавсифи ҷаҳонгардӣ дар осори Саъдӣ

Туризм ё худ сайёҳӣ дар дунёи муосир ба як санъати муҳими даромадзо ва судовар табдил шудааст. Имрӯзҳо таваҷҷӯҳ ба сайёҳӣ ва бунёди зербиноҳои зарурӣ барои ҷалби сайёҳон аз саросари дунё, бахши аъзами даромади бархе кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Дар фазилати зан ва модар

Бузургии  зан – модар  пеш  аз  ҳама  дар  он таҷассум  меёбад, ки  ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба  камолрасонандаи  фарзанд,  инчунин   нигоҳдорандаи  забон, таърих  ва  фарҳанги  миллӣ  мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати  Муҳаммад (с) дар яке  аз ҳадисҳои худ  мефармоянд : “Чаҳор  чиз  саодати  шахс  аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони  хуб  ва  рўзӣ   дар Ватан ».

Китоби нав аз рӯзгори «холаи афсонагўй»

Нашриёти «Бухоро», китоби «Умре бо радио»-и муҳаққиқ, рўзноманигор ва муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзодаро аз чоп баровард. Ин китоб доир ба зиндагӣ, фаъолият ва заҳматҳои яке аз собиқадорони соҳаи радио ва театр Ҳалима Насибулина буда, саҳми ўро дар рушду нумуи кори радио бозгў мекунад.

Муҳаққиқи варзидаи журналистика профессор Иброҳим Усмонов дар пешгуфтори китоби мазкур менависад, ки «Ҳилима Насибулина ҳамчун режиссёри радио намунаҳои беҳтарин асарҳои театрҳои тоҷикро ба навори радио сабт карда, ба ин кор машҳуртарини актиёрони мамлакатро ҷалб намуд». Дар воқеъ таҳия ва сабти барномаҳои адабӣ-драмавии Радиои