февраля 2018

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЧИТГАРӢ

Читгарӣ усули истеҳсоли чити нақшдор аст. Санъати Читгарӣ дар гузашта дар якчанд шаҳри тоҷикнишини Осиёи Марказӣ аз ҷумла, дар Хуҷанду Самарқанд, Бухорову Истаравшан, Ҳисор (Қаратоғ) ва ғайра маъмул буд. Чит матои сабуки бофтаест, ки тору пуди он аз риштаҳои пахтагин иборат аст. Матои чит ду навъ дорад: якранг ва гулдор. Аз чит курта, шалвор, ҷома, кӯрпа, кӯрпача, парда, чодар ва ғайра медӯзанд.
Читгарон мувофиқи дархосту фармоиши харидорон

Хатми дуввимин давраи омӯзишии Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ

Имрўз сивучор нафар кормандони Китобхонаи миллӣ, ки ахиран давраи омўзиши “Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ”-ро  хатм карда буданд, соҳиби сертификатҳо шуданд.

Дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ боз як давраи омўзиши донишҳои Таснифоти даҳгонаи унверсиалӣ ба анҷом расид. Тўли се моҳ кормандон оиди фанни ТДУ маълумот оиди муайянкунандаҳо ва шуъбаҳои таснифоти

Ҷавонон ва бархўрди қудратҳо

Китоби рўзноманигор, таҳлилгари масоили сиёсию фарҳангӣ Муҳаммадиқбол Атозода бо номи «Ҷавонон ва бархўрди қудратҳо» ба нашр расид. Китоб аз маҷмуи мақолаҳои муаллиф, ки дар матбуоти даврии солҳои охир ба нашр расидаанд, иборат буда, зери таҳрири таҳлилгари масоили сиёсӣ, номзади илмҳои филологӣ Абдуѓафори Камол ба нашр расидааст. Маврид ба зикр аст, ки рўзноманигор Баҳодур Бўриев низ бо машваратҳои худ дар нашри китоб саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Муҳаммадиқбол Атозода дар ин китоб масоили сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷаҳон ва Тоҷикистонро дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархўрди фарҳангҳо ба риштаи таҳлилу баррасӣ кашида бо факту

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ яке аз шуъбаҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти  шуъба ин гузаронидани чорабиниҳои дар сатҳи байналмилалӣ буда ва қабули меҳмонон аз хориҷи кишвар мебошад. Маҳз ҳамин буд, ки тўли панҷ моҳи охир шуъба як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро гузаронид. Яке аз он  онҳо Нишасти IV-

Паёми Пешвои миллат- раҳнамо барои китобдорон

Соли дувум аст,ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабр, яъне поёни соли мелодӣ – манзур мегардад.

Дар оғози Паёми имсолаи худ Пешвои миллат аз хавфу хатарҳо ва печидагиҳои ҷаҳони муосир ёдрас шуда, иброз доштанд

Рўйе, ки нагардад зи касе, рўйи китоб аст...

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон  аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Соиб, матлаб рўйи дил, аз кас, ки дар ин аҳд,
Рўйе, ки нагардад зи касе, рўйи китоб аст.

Соиби Табрезӣ

Неъмат Оташ: шоир, нависанда, дромнавис ва мутарҷим

Шоир, нависанда, пулистист, дромнавис ва мутарҷим... Неъмат Оташ дар ин ҳама муваффақ будааст: ҳам дар шеър ва ҳам дар насру, дрому тарҷума. Ашъораш миёни ҳаводоронаш аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст.

Иттифоқи Нависандагон ин гуна муаррифӣ карда:

АКОБИР ШАРИФӢ

Акобир Шарифӣ, адиби ширингуфтори кӯдакнавис инак беш аз даҳ сол аст, ки миёни мо нест. Вале осори гаронбаҳояш ҳузури руҳонии ӯро нуронитар мекунанд. Адибе, ки ҳанӯз замоне, ки зинда буд, миёни ҳаводорони шеър шуҳрат дошт ва дар зиндагӣ ба камолоти эҷодӣ расида буд. Ва агар зинда мебуд, ҳоло 90-сола буд.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:

Хаёте, ки ба саҳна бахшида шуд.

Аз марги ҳунарманди нотакрор Туҳфа Фозилова 33 сол гузашт ва аз мавлудаш 101 сол. Хотираҳо аз ӯ ҳамоно зиёданд, нақшҳои мондагораш аз ёд зудуда нашудаанд. Бонуи ҳунар умри дароз надид, 68-сола буд, ки рафту ҳаводорони ҳунари волояшро дар сӯг нишонд. Ва муддати ин 33 сол аз ӯ чун ҳунарманди пурҳунар ёд мешавад.

Ин сатрҳо ба хотираи устоди баркамол, ситораи

Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем!

Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба сардори Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Фотима Яъқубова ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми бародараш

ҲОҶӢ МУҲАММАДРАУФ

изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Дарахтони сӯзанбарг дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ

Тайи 2 рузи ахир кормандони Китобхонаи миллӣ бо истифода аз ҳавои гарму мусоид пайи ободкориву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастанд

Бо мусоидати Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода аз ноҳияи Ваҳдат  саду даҳ дарахти сӯзанбарг оварданд ва онҳоро дар саҳни китобхонаву боғи он шинонданд.