января 2018

Шоире бо диди тоза

Шояд ашъори ҳеч шоире аз муосирон ба ҳадди шеърҳои Ҳақназар Ғоиб суруд нашуда бошанд. Аксари сарояндагони маъруф дар барномаи худ таронае аз аз ашъори ӯ доранд.

Дар муаррифии Ҳақназар Ғоиб аз Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мехонем:

ҲАҚНАЗАР ҒОЙИБ 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ (1960) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1966), як сол омӯзгорӣ карда, аз соли 1966 машғули рӯзноманигорист.

Саду биступанҷ соли модари Қаҳрамони Тоҷикистон

Шоираи маъруф Розияи Озод – модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафур 125-сола шуд. Розия Озод 61 сол пеш, аниқтараш соли 1953 дар синни 63-солагӣ тарки олам карда буд.

Розияи Озод (Ғафурова Розия Бойматовна) 18 январи соли 1893 дар шаҳри Хуҷанд, дар  оилаи косиб ба дунё омадааст. Соли 1944 таҳсили ибтидоиро дар мактаби кўҳна идома дода, бо вуҷуди душвориҳои зиндагӣ, ба омўзиши мустақил мепардозад. Баъдтар мактаб кушода, ба бачаҳои деҳа хондану навиштанро меомўзонад. Соли 1944 узви Иттифоқи нависандагон буд. Розияи Озод яке аз аввалин занони тоҷик аст, ки фарзандонашро ба мактаби русӣ додаст.

«Ҳаёт бо об месабзад»

Дар толори матбуоти даврӣ намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор шуд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охири худ ба парлумони кишвар бори дигар аз нақшаҳои навини  Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик сухан ронда, зикр доштанд, ки  «мо татбиқи

Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” дар толори хониши кӯдакону наврасон

“Ҳамешабаҳор” ҳамоиши навбатии худро дар толори хониши кӯдакон ва наврасон барои хонандагони хурдсоли Китобхонаи миллӣ доир намуд.

Шоири маъруф Хайандеш-масъули ин маҳфили ҳамеша ҷолиб дар суханони муқаддамотии худ гуфт, ки “ҳадафи ин нишаст пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон аст. "Ҳамешабаҳор" талош мекунад истеъдодҳоро дар миёни ҳама одамон, ҳар синну сол пайдо ва муаррифӣ

Тафреҳ: се шеъри хуб аз Абдулҳусайни Тавфиқ

Абулҳусайни Тавфиқ соли 1297 (1918) дар шаҳри Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида ба ҷаҳон  кушод.  Соли 1329 ба Кобул омада, ба доираи адабии он пайваст. Бинобар он ки ашъори ватандўстонаву зидди истибдод мегуфт, соли 1330 дар шумори рўшанфикрони зиёде ба зиндон афтод. Баъдан дар бахши бойгониву нашароти миллӣ кор кард.

Бибиҷони рафтаи бачаҳо: ёде аз шоираи ширинкалом Гулчеҳра Сулаймонӣ

Ду мисраъ аз як шеъри дилнишини Гулчеҳра Сулаймониро шояд бисёриҳо то кунун медонанд:

Бибиҷонам меояд,

Дилу ҷонам меояд.

Ва чун аз аз ин олам рахти сафар баст, баъзе нашрияҳо навиштанд: Бибиҷон дигар намеояд.

Адиби маъруфи кӯдакон Ҷӯра Ҳошимӣ ба синни мубораки 70 расид

Ҷӯра Ҳошимӣ аз муваффақтарин адибони кӯдакнависи Тоҷикистон аст. Адибе, ки ҳамвора талош кардааст барои кӯдакон шеърҳояшро дар ҳамкорӣ бо оҳангсозони маъруф ба оҳанг дароварад.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:

Додоҷон Раҷабӣ: рӯзноманигор ва адиби хушкалом

Марҳум Додоҷон Раҷабӣ яке аз рӯзноманигорон ва адибони пуркори тоҷик буд. Баъди солҳо кори рӯзноманигорӣ кардан, бо чопи чандин ҳикояву повест, пурра ба навсандагӣ гузашт ва имрӯз аз ӯ бештар аз 10 китоби хуби хонданӣ ба мерос дорем.

Додоҷон Раҷабӣ 12 январи соли 1938 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омўзгории Хуҷандро хатм

Омӯзгор: Бархе аз ҷавонони имрӯза ҳанӯз ҳам гумроҳанд...

16 нафар аз таҷрибаомӯзони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи дарсии худ вориди Китобхонаи миллӣ шуданд ва бо шароити он аз наздик ошно гаштанд.

Омӯзгорон аз ҳар ноҳияи кишвар буданд ва баъзеи онҳо бори аввал аз Китобхонаи миллӣ дидан мекарданд. Онҳо мегуфтанд, қаблан аз нақлҳо шунидаву дар мақолаҳо дар бораи ин

Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем

Садорат ва кулли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба сардори Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхона
Фирдавс Аминов ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва ногаҳонии бародараш тасаллият арз мекунад.

Ба марҳум аз даргоҳи Худованди бузург хонаи ободи охират ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст. 

Бозгашти ҳама сӯйи Худост!

Афзоиши бесобиқаи сафи хонандагони Китобхонаи миллӣ дар соли гузашта

Соли 2017-ум  28 ҳазору 273  нусха адабиёт ба  маблағи  умумии  540821,13  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид ва мавриди коркард қарор гирифтааст. Ба захираи умумии Китобхона 25 ҳазору 071 нусха ба маблағи умумии  428111,98  сомонӣ ворид карда шуд.

Дар ин бора субҳи имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар соли 2017 сухан рафт.

Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018) рӯи чоп омад.

Соли панҷум аст, ки шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба забони тоҷикӣ «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, пешкаши хонандагон мегардонад. Дар қисми аввали тақвим ахбору воқеаҳои соли 2018 ва дар қисми дуюм лавҳаҳои библио­графӣ вобаста ба санаҳои мавлуди арбобони намоёни сиёсӣ, давлатӣ, адабӣ, илмию фарҳангӣ фароҳам омадааст. Зимнан дар қисмати аввали ахбору воқеаҳои соли 2018 намояндагони сиёсию давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамонони Меҳнати Сот­сиалистӣ, генералҳо (ҳамаи навъҳои низомию маъмурӣ ва адлия) аз Тоҷикистон, ҳамчунин олимон (академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷи­кистон, докторҳои илм, профессорон, номзадҳои илму дотсентон (бо ун­вони забоншинос, адабиётшинос, муаррих, файласуф ё олими соҳа муар­рифӣ мешаванд), адибону журналистони