ноября 2017

Хорро гулзор кардӣ, зинда бош!

Имрӯз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Рӯзест, ки бори дигар сокинони кишвар аз корномаҳои ин марди огоҳу шариф ва ин сиёсатмадори борикбину донишманд ёд мекунанд.

Инсоне, ки миёни дуду одаш тарҳи сулҳу оштӣ кашид ва муваффақ шуд. Самараи ҳамин талошҳо буд, ки кишвар аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Миллат аз хафви беватанӣ раҳо ёфт.

Оғози Конфронси илмӣ-назариявӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявии “Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон», ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, шуруъ ба кор кард.

Конфронс бо ширкати ҷамъе аз донишмандон,

Зарфи ду моҳи охир теъдоди хонандагони Китобхонаи миллӣ ҳудудан ёздаҳуним ҳазор нафар афзуд

Моҳҳои сентябр ва октябри соли равон 11 ҳазору 429 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд, ки назар ба ҳамин моҳҳои соли 2016  3 ҳазору 618  нафар зиёд мебошад.

Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзи ин ду моҳи охир Китобхонаи миллӣ соҳиби 190 нафар хонандаи нав шудааст.
Моҳҳои сентябр ва октябри соли 2016 дар маҷмуъ

Шинохт ва ёдгирӣ

Беҳтарин туҳфа барои касоне, ки мехоҳанд забон омӯзанд. Беҳтарин дастур барои навомӯзон. Ҳар касе соҳиби ин бастаи китобҳо шавад, бо чор забон: тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва форсӣ дар бораи  рангҳо, ҳайвонот, шаклҳо, алифбо, ададҳо на танҳо маълумот ҳосил мекунад, балки навиштану хондани онҳоро низ ёд мегирад.

Ва ҷолибтар аз ҳама: чуноне ишора кардем, хонанда имкон дорад ин ҳамаро якббора бо чор забон ёд гирад.

Коҳи Бегазанд

(Ба  ифтихори   ифтитоҳи  Китобхонаи  Миллӣ)

Ин  қасри  бошукўҳи   китоб  аст  қасри  ном.
Ин   қасри  ҳикмат  аст   ба  умри  бардавом.

Ҳафтод  пушти   дигари  моро  ҳидоятест.
Гарданд  баҳраманд  аз  ин ганҷи  нотамом.

Моро  Китобхонаи   Миллӣ   асолат  аст.

Модаре, ки ҳаққи модарӣ дорад...

Бибиҳоҷар Саидова дар баробари мутахасиси хуб буданаш модари кордидаю ботаҷриба аст. Ў ҳамеша шогидонашро таъкид мекунад, ки дар оила бо шаҳвар, падару модар ва назикону пайвандони шаҳвар бо эҳтиром бошанд.

Саидова Бибиҳоҷар 20 – уми майи соли 1962 дар деҳаи зебоманзари Харангони ноҳияи Варзоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Инъикоси Иҷлосияи таърихии XVI дар саҳифаҳои матбуот

Ба ифтихори 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-ноябр таҷлил мегардад, дар Шуъбаи матбуоти даврӣ гўшаи маҷаллаву рўзномаҳое, ки дар он мавзўҳои номбурда инъикос ёфтааст, таъсис дода шуд.

Дар гўшаи мазкур хабару мақола ва гузоришу маълумотҳои рўзномаву маҷаллҳо, ки  бо забонҳои

Сайри Ҳисору боғи ба номи устод Айнӣ

Шаст нафар аз ҷумлаи кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ рӯзҳои истироҳати гузашта ба тамошои Қалъаи Ҳисор ва Боғи ба номи устод Айнӣ рафтанд. Ин ибтикори роҳбарияти Китобхона ва Иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ буд.

Тамошои ёдгориҳои таърихии яке аз қадимитарин қалъа дар кишвар – Қалъаи Ҳисор пеши назар дунёи дигареро боз мекунад. Бинанда муддате

Маҳзани Шуъбаи нигаҳдории китоб ба 2282554 нусха расидааст

Теъдоди китобҳо дар Китобхонаи миллӣ  аз ҳисоби нус­хаҳои ҳатмӣ ва тўҳфаҳо ҳамарўза меафзояд. Дар айни замон махзани китоби Шуъбаи нигаҳдории китоб ба  2282554 нусха расидааст, ки  176356 нусхаи он ба забони тоҷикӣ, 2058018 ба забони русӣ, 48180 ба забонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Ин нишондодҳои махзани китоби шуъба назар ба  даҳмоҳхаи соли 2016 ба теъдоди  зиёда аз 9 ҳазор

Сад соли пири журналистони тоҷик

Устод Асрорӣ сазовори ҳамин унвонанд, яъне ба маънои том УСТОД!

Пири ҳамаи журналистони тоҷик, поягузори мактаби назариявиву амалии журналистика, асосгузору шуъбаву факултаи журналистика дар кишвар.  Бе ёди устод Асрорӣ наметавон таърихи журнаилистикаи тоҷикро навишт.

Устод Асрорӣ ҳама марҳилаҳои ҳаётро тай кардаву танҳо бо заҳмати хорошикан соҳиби шуҳрат шуда. Замоне ба майдони ҷанги хонумонсӯз сафарбар шуд, ки аввалин шеърҳояш рӯйи чоп медиданд. Ба майдони адабиёт ва илм бо шеър ворид шуд ва аввалин чакидаҳои хомааш дар бораи Тоҷикистон буданд.

Ёде аз адиби ориф ва хушбаён

Адиби маъруф, муаллифи беҳтарин повесту ҳикояҳо барои ҷавонон, таронасарои муҳаббати ҷавонӣ, шоир ва мутарҷим Баҳром Фирӯз ҳамагӣ 55 сол умр дид. Аммо дар ин умри кутоҳ аз худ осоре ба ҷой гузошт, ки хонданиву сутуданист.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар бораи адиби шинохта  мехонем:           

БАҲРОМ ФИРӮЗ (Бобоев Баҳром) 1 – уми ноябри соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷой омӯзгор будааст. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик,

Нависандаи маъруфи рус Михаил Задорнов тарки олам кард

Михаил Задорнов,- адиби ҳаҷвнигори рус баъди зуҳри дирӯз дар остонаи 70-солагӣ аз олам даргузашт. Адиби маъруф муддати тӯлонӣ аз бемории саратони мағзи сар ранҷ мекашид.  Мегӯянд вақтҳои охир вай ҳатто аз табобати дар бемористон ҳам даст кашид, чун мехост бештар бо пайвандону дӯстонаш бошад. Шояд адиб дигар бовар карда буд, ки аз ин касалӣ раҳоӣ надорад ва ҳама гуна кимиётабобатиҳо беҳудаанд.  

Вай аслан бемории худро шаҳр ҳам намедод, аз суолот дар маврид канораҷӯӣ мекард ва намехост таваҷҷуҳи расонаҳо ба масъалаҳои шахсиву саломатии вай кашида шавад.